Низомиёни Чин дар Мурғоб чӣ мекобанд?

Хабаргузории “Iranintl” дар як гузориши вижа аз вуҷуди сарбозони Чин дар Помири Тоҷикистон хабар дод. Сабаби ҳузури Чин дар минтақаи Помир вуҷуди роҳи стротегии Вахун, ки дар оянда долони иқтисодии Чину Покистон аз онҷо мегузарад, гуфта шудааст.

Сокинони деҳаи Шаймоқи ноҳияи Мурғоб вуҷуди пойгоҳи низомии чиниро дар ин минтақа тасдиқ кардаанд.

Башир Убанбеков, як сокини ин деҳа ба “Iranintl” гуфт:

“Постгоҳи низомиёни Чин ба постгоҳи мо хеле наздик аст. Фақат 100 метр фосила дорад. Постгоҳи низомиёни Афғонистон ҳам ҳудуди 10 километр аз инҷо дур аст.”

Да гузориш омадааст, ки исми ин пойгоҳ “Ситод” мебошад ва соли 2016 бо ҳадафи таъмини амнияти марзи Афғонистон аз се давлат, Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон ташкил ёфтааст. Чин бо баҳонаи хавфи вуруди ҷангҷӯёни ӯйғур, ки ба гуфтаи ӯ онҳо метавонанд аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистон ба минтақаи ғарби Чин ворид гашта, онҷоро ноором кунанд, ҳузури худро дар ин пойгоҳ ҳатмӣ медонад.

Ҳамин пинҳонкорӣ сабаби нигаронии аксари сокинони Мурғоб шудааст, онҳо ба “Iranintl” гуфтаанд, ҳузури низомиёни чиниро дар Мурғоб дида, тааҷҷубомез мепурсанд, ки ин низомиён инҷо дунболи чӣ мегарданд.

Тибқи ин гузориш тавофуқномаи Чину Тоҷикистон дар бораи ҳузури низомиёни Чин дар ин минтақа рӯзҳои наздик ба поён мерасад, суол инҷост, ки ин тавофуқнома бори дигар тамдид мешавад ё на?

Чанде пеш дар расонаҳои Чин матолибе нашр шуда буд, ки парда аз рӯи муомилоти ҳукумати Тоҷикистон ва Чин дар мавриди вогузории 1158 километри квадратӣ аз ҳудуди ВМКБ бардоштанд.

Матлабе бо номи “ТОҶИКИСТОН БО ХОҲИШИ ХУД ҲУДУДИ ЧИНРО БАРГАРДОНД” ВА “СУФАКӮҲИ ГУМШУДАИ ПОМИР БА СОҲИБАШ БАРГАШТ”- ро, ки ба қалами Чу Йао Лу, журналисти таърихнигор тааллуқ дорад чандин расона ва сомонаҳои чинӣ бознашр кардаанд. Хулосаи муаллиф ин аст, ки ин қисмат таърихан моли Чин буд ва бо гирифтани он ҳақиқати таърихӣ барқарор шудааст.

Аз сӯи дигар ин расонаҳои чинӣ менависад, ки Чин бо вогузории кумак ва қарзҳои зиёд дар давраи барои халқи тоҷик душвор тавонист, ки порае аз хоки аз дастрафтаашро баргардонад. Яъне муаллифони ин мақолаҳо бо сароҳат мегӯянд, ки бар ивази кумак ва қарзҳои чинӣ Тоҷикистон “замини аз дастрафтаи Чинро” ба ӯ бозгардонд.

Инчунин ин матолиб пинҳонкории дигари ҳукуматдорони Тоҷикистонро фош сохтааст ва он ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба Чин 1100 км.кв, додааст, вале ин расонаҳо аз 1158 км кв сухан гуфтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.