17.9 C
Dushanbe

“Облава”-и ҷавонон аз байн меравад?

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз зердастони худ хостааст, ки зимни даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш даст ба қонуншиканӣ назананд. Дар ин бора ӯ дар ҷаласае бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар гуфтааст.

Бино иттилои Вазорати дифои кишвар, дар ин ҷаласа, ки дар остонаи оғози даъвати ҷавонон ба артиш баргузор шуд, масъалаи фиристодани ҷавонони “солиму бардам” ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, пешгирии усулҳои ғайриқонунии даъват ва мубориза бо қонуншиканӣ, аз ҷумла фасод, баррасӣ шудаанд.

Вазир дар робита ба оғози мавсими даъвати баҳорӣ бо вуҷуди “пурра иҷро шудани нақшаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз муҳлат, нигаронии худро аз вуҷуди баъзе камбудиҳо дар фаъолияти комиссариятҳои ҳарбӣ баён карда. Аммо гуфта нашуда, ки вазир дақиқан аз кадом камбудиҳо нигаронӣ кардааст.

Инчунин Шералӣ Мирзо дар ин ҷаласа ба зердастонаш супориш дода, ки барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта пеш аз ҳама бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аҳли ҷомеа ва мардум ҳамкорӣ намуда, бо ҷавонписарони синни даъватӣ ва волидони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Гуфта мешавад, даъвати тирамоҳӣ ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-уми ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард ва ҷавононе, ки солҳои таваллудашон 1997-2006 мебошад, ба артиш бурда мешаванд.  

Бояд гуфт, мавзуи даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон ҳамоно доғ боқӣ мемонад, зеро шикоятҳо аз шароити бад, муносибати бераҳмона бо сарбозон ва ҳолатҳои марги ҷавонон дар қисмҳои низомӣ идома доранд.

Дар солҳои охир мақомот ба ғайр аз “облава” аз усули нави даъват истифода мекунанд, аз ҷумла мисли гирифтани волидон ба гаравгонӣ, қатъ кардани барқи хонаҳо ва бастани дарҳои масҷидҳо барои онҳое, ки фарзандонашон ба хидмат намераванд. Номаълум аст, ки вазир Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи худ ин мавзуъҳоро баррасӣ кардааст ё на.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки то дар системаи Вазорати дифоъ тағйироти куллӣ сурат нагирад, бо дастуру супоришҳо ин мушкилот бартараф нахоҳанд шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.