22.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Мэри Лаулор бо раҳбарияти Вазорати адлия

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид бо раҳбарияти олии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Бино ба иттилои бону Мэри Лаулор, гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид вай дар идомаи анҷоми корҳои хидматиаш дар шаҳри Душанбе бо Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон ва муовинонаш мулоқот кардааст.

Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд: “Ман дидор ва мулоқотҳои муҳими худро бо мақомоти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Вазорати адлия, бо Нигина Ализода, муовини аввали вазир, Умаров Мансурҷон Ғаффорович, муовини вазир ва вазир Музаффар Ашӯриён идома дода истодаам.” Аммо Вазорати адлияи Тоҷикистон дар бораи ин дидору мулоқотҳо то ҳол расман бо расонаҳо чизе нагуфтааст.

Аз сӯи дигар иддае аз ҳомиёни ҳуқуқи башар, ки вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, аз Гузоришгари Созмони Миллали Муттаҳид ва ҳайъати ӯ хостаанд, ки ба зиндонҳои шаҳри Душанбе ва Ваҳдат ҳам рафта, аз наздик бо аҳволи зиндониён шинос шавад. Зеро, ба гуфтаи онҳо, дар зиндонҳои Тоҷикистон бадрафторӣ, поймолкунии ҳуқуқу шиканҷаи зиндониён ва инчунин гирифтани ришваву вуҷуди фасод дар авҷи аъло аст.  

Инчунин аз Гузоришгари СММ оид ба ҳуқуқи инсон хоста шудааст, ки дар робита ба одамрабоӣ дар Русия ва истирдоди онҳо ба Тоҷикистон, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки тайи чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон суръати бештар ба худ касб кардааст, ошно шуда, сипас ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ диҳад.

Гуфта мешавад, пеш аз ин Бунёди “Бузургмеҳр”, мақарраш дар Аврупо бо навиштани номае ба Гузоришгари вежаи СММ Мэри Лаулор гуфта буд, маълумоте, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи башар барояш пешниҳод шудааст, дурӯғ ва тасдиқнашаванда аст.

Инчунин ин бунёд таъкид карда буд, ки дар кишвар ҷомеаи воқеии шаҳрвандӣ, судҳои мустақил, озодии баён ва озодии мазҳабӣ вуҷуд надорад ва адвокатура таҳти назорати қатъии давлат мебошад.

Дар панҷ соли ахир мақомоти кишвар чанд маротиба дар Тоҷикистон алайҳи зиндониён ошӯбҳои мухталиф ва мусаллаҳонаеро ташкил карда, ба ин васила даҳҳо зиндониро кушта ва захмӣ карданд. Бунёди “Бузургмеҳр” ҳам дар ин номаи худ таъкид карда, ки мақомот боз мехоҳанд, чунин ошӯбҳои сохта ва идорашавандаеро дар зиндонҳо ташкил карда, даҳҳо зиндонии дигарро аз ҳаёт маҳрум кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.