13.9 C
Dushanbe

Оғози даъвати тирамоҳӣ ба артиш

Дар Тоҷикистон имрӯз, 1-уми октябр маъракаи тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз ёфт, ки то охири моҳи ноябр идома хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол шаҳрдории Исфара хабар дод, ки ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух, ки ду нуқтаи доғи асосӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба шумор мераванд, алакай субҳи 1-уми октябр нақшаи даъват ба артишро иҷро кардаанд.

Гусели наваскарон дар Ворух

Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду мавсим – дар баҳор ва тирамоҳ сурат мегирад.

Барои ҷавонони аз 18 то 27-сола, ки мактабҳои миёнаи умумӣ ва касбиро хатм кардаанд, муҳлати хизмати ҳарбӣ 24 моҳ аст. Тибқи қонун шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраи ҳарбӣ хатм кардаанд, танҳо пас аз 12 моҳи хидмати ҳарбӣ рутбаи афсариро мегиранд.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор ҷавонони синни даъват ба қайд гирифта шудаанд ва фоизи ками онҳо ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Ин нахустин даъват дар пайи қабули қонун дар дар бораи хидмати “алтернативист”, ки ба шаҳрвандоне, ки намехоҳанд ду сол хидмати ҳарбӣ бираванд, имкон медиҳад бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ маблағ ба буҷаи давлат, ҳамагӣ як моҳ хидмат кунанд.

Бисёриҳо умедворанд, ки ин қонун ба ҷалби иҷбории сарбозон ба артиш яъне “облава” нуқта мегузорад.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки бо қабул шудани ин қонун сатҳи фасод ва қаллобӣ дар комисариатҳои ҳарбӣ ва вазорати корҳои дохила кам намешавад, ва “облава” боқӣ мемонад. Зеро ин як манбаи иловагии даромад барои мақомоти фасодзада мебошад.”

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хизмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша мавриди баҳс қарор

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.