27.9 C
Dushanbe

Оғози флешмоб барои озодии Амриддин Аловатшоев

Аз 24-уми январи соли ҷорӣ дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ флешмобе бо шиорҳои “озодӣ ба Амриддин” ва “Амриддинро ба мо нишон диҳед” шуруъ шудааст.

акс аз Pamir Daily News

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус зодагони ВМКБ-и Тоҷикистон бо нашри наворҳо аз мақомоти Тоҷикистон ва Русия талаб доранд то макони будубоши Амриддин Аловатшоевро ифшо кунанд.

Ширкаткунандагони флешмоб таъкид мекунанд, ки беш аз ду ҳафта аст, касе Амриддин Аловатшоевро пайдо карда наметавонад ва тибқи хабарҳо Амриддинро аз Русия дуздида ба Душанбе бурдаанд.

Ба иддаои фаъолон Амриддин ягон амали ҷиноӣ анҷом надода, ба сиёсат кордор набуд ва як инсони поквиҷдону адолатпарвар буд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунанд, ки Аловатшоевро нишон диҳад ва ҳарчӣ зудтар раҳо кунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бозгардондани Амриддин Аловатшоев аз Русия даст надорад. Дар ҳоле ВКД боздошти Амриддинро рад мекунад, ки дар гузашта даст доштанашро дар боздошту ба Душанбе овардани вакили мудофеъ Иззат Амон ва Чоршанбе Чоршанбиев низ рад карда буд. Бо вуҷуди ин раддияҳо, пас аз чанде хабари боздошти онҳоро дар Душанбе нашр карданд.

Амриддин Аловатшоев яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон буда, рӯзи 11-уми январ аз ҷониби мақомоти амниятии Русия дар шаҳри Белгород боздошт шуда буд. Бино ба иттилои манобеи Pamir Daily News, баъди боздошт Аловатшоевро кормандони ФСБ ба кормандони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия супурдаанд. Кормадони ВКД-и Русия ӯро ба Маскав бурда ва баъдан ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Баъд аз истирдод Амриддин ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар Душанбе бурда шудааст. Бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.