22.9 C
Dushanbe

Оғози таҳаррукоти машкуки КДАМ дар Бадахшон

Нерӯҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба таҳаррукоти машкук ва фитнаангезе оғоз кардаанд, ки сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-ро нигарон кардааст.

Пойгоҳи хабарии “Помир Дайли Нюс“, ки ахбори ин вилоятро бештар пайгирӣ мекунад, дар истинод ба манобеи худ дар шаҳри Хоруғ хабар додааст, ки нерӯҳои КДАМ дар шабҳои 4-6-8-уми январи соли ҷорӣ тақрибан соати 02:30 дасти кам се маротиба шоҳиди он будаанд, ки мошинҳои боркаши низомии ҳомили ҷавонон аз бинои КДАМ ба самти марзи Афғонистон рафтаанд.

Шоҳидони айнӣ нақл кардаанд, ки ҷовононе, ки дар ин мошинҳо буданд, дар тан либосҳои маъмулӣ афғонӣ ва дар сарашон кӯлоҳи пакул (кӯлоҳе, ки бештар Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳоло пайравонаш ба сар мекунанд) дошатанд.

Сокинони вилоят ин таҳарракоти иғвоангези нерӯҳои КДАМ-ро оғози фитна ва такрори ҳодисаҳои шабеҳи Қазоқистон медонанд, ки ҳадаф аз барпо кардани он террор ва ё нест кардани раҳбарони мардумӣ, ба мисли Мамбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Толиб Айёмбеков ва дигарон будааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол ба матлаб вокуниши расмӣ нишон надодаанд, аммо 15-уми декбари соли 2021 Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо фаъолони Бадахшон таҳдид карда буд, ки “агар тазоҳуроткунандагон ором нашаванд, нерӯҳои амниятӣ дар Хоруғ омодаи аҷноми амалиёти вижае алайҳи сарони гурӯҳ ҳастанд.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз ҳодисаҳои 25-28-уми ноябри соли 2021 дар ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ, ки ба қатли се нафар ва дасти кам захмӣ шудани 17 каси дигар аз сокинони мулкӣ анҷом шуд, дар ВМКБ комиссияи 44-нафара аз ҳисоби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил шуд ва дар ибтидо қарор бар ин буд, ки дар якҷоягӣ бо мақомот таҳқиқ ва тафтиши ин ҳодисаҳро пайгирӣ мекунанд.

Аммо Радиои Озодӣ 5-уми январи соли ҷорӣ хабар дод, ки Хуҷамрӣ Пирназаров, масъули дафтари матбуоти “Комиссияи 44” рӯзи 4-уми январ гуфта, ки мақомот охири ҳафтаи гузашта Фаромуз Эргашевро ба “суҳбат” даъват кардаанд.

“Аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ мардумро ором карданд. Аз майдон берун карданд. Мехоҳанд, тафтишоти марги Гулбиддин Зиёбеков мунсифона сурат гирад. Вале мақомот дар ҷаласаҳои худ аъзои ҷомеаи шаҳрвандиро танқид мекунанд ва ҷинояткор ном мебаранд,” – гуфт Пирназаров.”

Мақомоти Тоҷикистон иштирокчиёни ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Бахашонро гурӯҳҳои ҷинояткор ва “террорист” гуфта буданд. Ҳамчунин дирӯз, 10-уми январ дар нишасти ғайри навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳам Эмомалӣ Раҳмон бидун ном бурдан ва таҳқиқ кардани ҳодисаҳои Қазоқистон дар умум эътирозгаронро “авбош” ва “террорист” номид ва таъкид кард, ки “террористҳо дину давлат ва миллат надоранд, бояд кушта шаванд.”

Ба назар мерасад, ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон махсуси ҳодисаҳои Қазоқистон набуда, балки як паёми ҳушдордиҳанда барои тоҷикистониҳо ва ба хусус сокинони Бадахшон низ мебошад ва аз ин тариқ хост ба сарони кишварҳои узв бифаҳмонад, ки агар чунин ҳодисаҳое дар Тоҷикистон такрор шаванд, тамоми эътирозгаронро хоҳам кушт ва несту нобуд мекунам.

Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО ТВ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.