18.9 C
Dushanbe

Олмон нерӯгоҳҳои барқи обии “Себзор” ва “Тоҷикистон”-ро месозад

Бонки олмонии рушд дар сохтани нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 17,4 миллион евро (наздики 183 млн сомонӣ) сармоягузорӣ мекунад.

Вазири Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода бо директори минтақавии Бонки олмонии рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар мулоқот масоили ҷалби грантҳо барои рушди минтақаҳо, инфрасохтор ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар кишвар баррасӣ шуданд.

Дар хабар таъкид мешавад, ки байни Бонки олмонии рушд ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар Шартномаи иловагӣ барои ҷалби грант ва татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Себзор” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 17,4 млн. евро ба имзо раисд. Ҳамчунин зикр гардида, ки дар маҷмӯъ барои лоиҳаи сохтмони НБО “Себзор” 70 млн. евро аз ҷониби шарикони рушд ҷудо гардидааст.

Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ дар бораи азнавсозии НБО “Тоҷикистон”, ки сентябри соли 2018 дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ ёфта буд, гуфтугӯ сурат гирифта, ҷониби Бонки олмонии рушд барои ҷудо кардани 7,4 млн. евро ба НБО “Тоҷикистон” мувофиқат кардааст.

Ёдовар мешавем, ки бунёди НБО-и “Себзор” соли 2015 дар ҷамоати Мирсаид Миршакар, 15-километрии шаҳри Хоруғ бо иқтидори 12 МВт оғоз гардида буд ва тибқи лоиҳа соли 2022 бояд ба истифода дода мешуд.

Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар паёмаш ба парлумон гуфта буд, ки маҳз барои сохтмони НБО-и “Себзор” 470 миллион сомонӣ аз будҷаи кишвар ҷудо кардааст. Ӯ он замон аз камбуди маблағ чизе нагуфта буд. Аммо, баъд аз ин паём тақрибан се соли дигар мегузарад ва ҳоло ҳам маблағҳои ҳангуфте аз бонкҳои ҷаҳонӣ ба шакли қарз ва грантҳо гирифта мешавад, вале аз интиҳои сохтмони ин нерӯгоҳи барқӣ хабаре нест.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ аз  маблағгузориҳояш дар Тоҷикистон ҳисобот гирифт 

Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар Вашингтон мулоқот кард.

“Гурӯҳи 24” иттиҳомоти мақомоти Русияро сохта номид

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" пешниҳоди додситони вилояти Ивановоро дар бораи "ифротгаро" донистани ин созмон дар ҳудуди Русия "сохта" номид.

Баррасии гузориши Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ

Дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева гузориши Тоҷикистон оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа баррасӣ шуд.

Афзоиши қурбониён дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба мактабҳои миёнаи Туркия

Рӯзҳои 14–15 апрел дар ду муассисаи таълимӣ дар Туркия ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки дастикам 4 нафар кушта ва 36 тани дигар захмӣ шуданд.