13.9 C
Dushanbe

Омбудсмени тоҷик ё адвокати ҳукумат?

Омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар дар соли 2020 аз сӯи вазорати хориҷии Амрикоро «ғаразнок» ва «ғайриқобили қабул» хондааст.

Вазорати хориҷии Амрико 30 марти соли ҷорӣ оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, дар соли 2020 гузориш ба нашр расонида Тоҷикистонро як «давлати худкома» муаррифӣ намуда ва аз коҳиши башиддати сатҳи озодиҳо ва нақзи пайвастаи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ибрози нигаронӣ намуд.

Аммо дар як матлаби муфассал Омбудсмен ва ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ки дар «Ҷумҳурият» (08.04.2021)-нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон ба чоп додааст, арзёбии вазорати хориҷии Амрикоро роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нодуруст ва яктарафа хонда тазаккур додааст, ки он бар мабнои манобеи ғайримуътамад омода шудааст. Афзун бар ин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ин арзёбии Амрикоро мухолиф бар руҳияи ҳамкории ду кишвари Тоҷикистон ва Амрико донистааст:

« … Департаменти давлатии ИМА бе назардошти таҳлили воқеъбинона, бо такя ба сарчашмаҳои ғаразнок ва беэътимод, баҳодиҳии яктарафа ва ба инобат нагирифтани мавқеи расмии Тоҷикистон дар гузориши навбатии худ ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯё мавҷуд будани ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва фавти маҳбусон, ҳабсҳои худсарона, фишор ба хонаводаҳои мухолифон, озодии баён, озодиҳои мазҳабӣ ва дигар самтҳои ҳуқуқи инсон дар соли 2020 баҳои ғайривоқеӣ додааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои соли 2020-ро ғайри қобили қабул ва мухолиф ба сатҳи ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону ИМА ҳисобида, иброз медорад, ки он ба рӯҳия ва иқдомҳои мо дар самти эҳтиром, эътироф, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон таъсир расонда наметавонад.»

Ин мақоми мудофеи ҳуқуқи башар бо онки муҳтаво ва моҳияти гузориши вазорати хориҷии Амрикоро такзиб ва инкор мекунад, дар хилоли ин матлаб, ки вокуниш унвон кардааст, тазаккур медиҳад, ки Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи байналмилалист ва масоили мазкурро танҳо бо Созмони Милали Муттаҳид метавонад баҳсу баррасӣ кунад:

«Дар ин робита, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лозим медонад таъкид намояд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ва узви комилҳуқуқи СММ танҳо ба сохторҳои дахлдори ин ниҳоди муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон, гузориш медиҳад. Дар ҷаҳони мутамаддин арзёбии вазъ ва назорати риояи ҳуқуқи инсон низ ба ин сохторҳои СММ вогузор шудааст, ки Тоҷикистон низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо онҳо ба роҳ мондааст».

Вокуниш ва ё посухи ваколатдор оида ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистонро аз чанд паҳлу ва ё зовия метавон ба чолиш кашид.

Яке ин аст, ки Амрико ҳамасола роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон гузориши махсус мунташир мекунад ва дар ин гузориш Тоҷикистон як ҷузъи кучаки онро ташкил медиҳад. Ин тавр нест, ки фақат ва танҳо барои Тоҷикистон гузориш таҳия ва пешкаш карда бошад. Аз ин ҷиҳат посухи Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки бо ин гузориш Амрико аз мавзеи ғараз бо Тоҷикистон бархурд кардааст, мантиқ ва асос дошта наметавонад. Амрико ба Тоҷикистон ва давлати он чи ғараз дошта метавонад? Магар гуфтани воқеият ғараз аст?

Дигар инки Тоҷикистон як давлати худкома ва раиси ҷумҳурии он як диктотури ба ҳама аён аст, ва ин воқеиятро Амрико чи гӯяд ва чи нагӯяд, пинҳон дошта намешавад. Вақте барои як нафар қонун навишта ва тавассути қонун (Қонун дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат) имтиёз ва бартарӣ дода мешавад, ки то охири умр ва бидуни маҳдудият- «пожизнений» раиси ҷумҳурӣ бишавад, ин гуна давлатро ба ҷуз аз «худкома» чи метавон гуфт? Як нафар 30 сол  дар чавкии қудрат биистад ва барои як нафар чанд навбат Қонуни Асосии як мамлакат тағйир дода шавад, он давлатро худкомаву тоталитарӣ ва диктотурӣ нагӯянд, чӣ бигӯянд?

Омбудсмен ва ё Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон талош кардааст далоилу мавориди оварда дар гузориши вазорати хориҷии Амрико роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро рад кунад.

Яке аз нуктаҳое, ки пайваста дар гузоришҳои вазорати хориҷии Амрико ва созмонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мавриди интиқод қарор мегирад, вазъи зиндонҳо, боздоштгоҳҳои муваққатӣ, маҳбусҳо, маҳкумшавандаҳо ва шеваи муносибати тафтишот ва таҳти шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтани афрод мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ба унвони як корманди муассисаи ислоҳӣ аз ин интиқодот шадидан нороҳат шуда ва посух додааст, ки дар чанд навбате, ки мониторинг доир карданд, шароити зиндонҳову зиндониҳоро мутобиқ бо меъёрҳо дарёфт кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар расонаҳо аз азобу шиканҷаи мазнунин ва муносибати дағалонаи кормандони муассисаҳои ислоҳӣ бо маҳбусон маводу матолиби зиёде ба нашр расидааст. Як намунаи равшани он ин аст, ки барои ба истилоҳ дидорбинии дарозмуддати як маҳбус бо аъзои хонаводааш аз 100 то 150 сомонӣ «доля» месупорад, ин дар ҳолест, ки нархи расмии ин дидорбинӣ 13 сомонӣ муқаррар шудааст. Даҳҳо нафар маҳбусон борҳо аз мушкили дастрасӣ ба маводди табобатӣ шикоят кардаанд.

Дар вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи башар ба СММ гузориш медиҳад. Ва афзудааст, ки бо СММ «ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо онҳо ба роҳ мондааст». Аммо мо медонем, ки ин як ҳарфи хушк ва ғайривоқеӣ аст. Солҳост, ки Тоҷикистон тавсия ва пешниҳодоти СММ-ро низ муроот намекунад ва тааҳҳудоти байналмилалии худро иҷро наменамояд. Мусалламан, чунин тарзи муносибат ва бархурд, ки ғайримаданӣ ва ғайриахлоқӣ аст ба обрӯ ва нуфузи давлати тоҷикон зарбаи сахт мезанад.

СММ борҳо дар мавриди қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси қаблии Ҳизби демократи Тоҷикистон, Зайд Сайидов, тоҷир ва вазири собиқи саноати кишвар, Муҳаммадалии Ҳаит, муовини аввали раиси ҲНИТ, Мақсуд Иброҳимов, як фаъоли иҷтимоӣ ва 13 тан аз аъзои дар банди Раёсати олии ҲНИТ мавзеи худро ошкоро баён дошта ва аз мақомоти Тоҷикистон талаби раҳоии ҳарчи зудтари онҳоро кард. Аммо то ҳамин ҳоло ҳеҷ яке аз ин тавсия ва дарсхостҳои СММ аз тарафи режими Душанбе ба инобат гирифта нашуд, ки ба дурустӣ аз як кишвари худкома будани Тоҷикистон ва ёғӣ будани роҳбари он шаҳодат медиҳад.

Барои мисол дар ҷавоб ба тақозои «озодии билофосила ва бидуни шарти зиндониҳое, ки аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд, аз ҷумла аъзои ҲНИТ, “Гурӯҳи 24″ ва ҳуқуқшиносони онҳо”, ҳукумати Тоҷикистон ба Шурои ҳуқуқи башари СММгуфтааст: “Ин машваратро қабул надорад, ба он хотир, ки парвандаҳои маҳкумшудаҳои зикршуда ангезаҳои сиёсӣ надоранд».

СММ ҳатто барои раҳоии бидуни қайду шарти Зайид Сайидов ба ҳукумати Тоҷикистон 180 рӯз муҳлат дода буд. Аммо дар як вокуниш ба ин даъвати Кумитаи ҳуқуқи башари СММ раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён гуфта буд, ки “тақозои Созмони Милал тавсиявӣ аст ва Тоҷикистон ҳақ дорад, ин тавсияро иҷро накунад”.

Бо овардани ин ҳама намунаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ, зикри ин нуктаро зарур мешуморем, ки Омбудсмен ва ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон масъулият ва рисолати худро холисона ва дар доираи қонун иҷро намекунад. Балки қасд дорад, мардум ва ҷомеаро бифиребад.

Вагарна вақте дағдаға ва иддао мекунад, ки Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалии худро ба унвони як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иҷро мерасонад, мебоист медонист, ки баракс, тамоман ба иҷро намерасонад. Ва инки дар гузориши Департаменти давлатӣ ва ё ҳамон вазорати хориҷии Амрико ҳама рақаму далоил дурусту санҷида шуда аст ва аз кадом манбаъ ва сарчашмаи ғаразноке таҳия нашудааст, воқеияти вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ифода мекунад.

Вазорати хориҷии Амрико ҳамасола бо як гузориши муфассал вазъи ҳуқуқи башар дар саросари оламро арзёбӣ мекунад. Бар мабнои ин гузоришҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон солбасаол ва бахусус баъд аз соли 2015 рӯ ба пастравӣ доштааст.

Бо ин ҳол Омбудсмен ва ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як ниҳоде аст, ки дар пайи талаби сомзонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ дар Тоҷикистон ташкил шудааст. Ин ниҳод дар аксарияти кишварҳо як ниҳои мустақил аст. Аммо дар Тоҷикистон бештар дар нақши адвокати мақомоти давлатӣ фаъолият мекунад, дар ҳоле, ки рисолати асосии он баракси коре аст, ки ҳоло анҷом медиҳад.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.