27.9 C
Dushanbe

Омодабоши Ғарб дар бораи эҳтимоли фурӯпошии Русия

Собиқ фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ба Иттиҳодияи Аврупо ва Ғарб гӯшзад кардааст, ки фурӯпошии Русия ва тақсми он ба чанд кишвар аз эҳтимол дур нест, бояд барои ин сенария омода шавад.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои расонаҳо, Бен Ҳоҷес, генерали мустаъфӣ ва собиқ фармондеҳи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Аврупо аз Ғарб хостааст, ки ба сенарияи эҳтимолии суқути на танҳо режими Путин, балки ба фурӯпошии кулли Федератсияи Русия низ омода шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар рӯз равшантар мешавад, ки Украина дар ин ҷанг алайҳи Русия пирӯз ва Кремлин ба буҳрони таърихии эътимод рӯбарӯ хоҳад шуд. Ба ин хотир таъкид мекунад, ки Ғарб, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо омода шавад, то мисли фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ якбора касеро ба ҳайрат нагузорад.

Бен Ҳоҷес меафзояд, “ба назари ман ҳамин ҳоло комилан воқеист, ки заъфҳои ошкори режими Путин ба ҳадде ҷиддӣ ҳастанд, ки мо ҳоло метавонем шоҳиди оғози поён ва ё фурӯпошии на танҳо режими Путин, балки дар маҷмуъ фурӯпошии Федератсияи Русия бошем.”

Собиқ фармондеҳи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Аврупо барои ин ҳушдорҳои худ дасти кам се далил пешниҳод мекунад:

▪️Коҳиш додани эътиқод ба артиши Русия;                                        

▪️Зарар ба иқтисоди Русия;                                                        

▪️Мушаххасоти ҷамъияти Федератсияи Русия: 120 миллатҳои гуногун, ки аз сабаби заъфи Кремл метавонанд аз ҳам ҷудо шаванд.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина, даҳҳо ҳазор сарбози кишвар дар майдонҳои набард кушта ва беному нишон шудааст ва аз сӯи дигар ҳам таҳримҳои Ғарб ва муттаҳидони он алайҳи Кремлин ва фармонравоёни он аз марзи 6 ҳазор номгӯи таҳримҳо убур карда ва иқтисоди Русия гирифтори буҳронҳои печидае шуда ва дар маҷмуъ ин ҳам мушкилоти буҳрони беэътимодии фарогиреро дар байни мардум ва ҷомеаи пурҷамъияти Русия ба вуҷуд овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.