27.9 C
Dushanbe

Омодагии Арабистони Саудӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Вазорати молия мегӯяд, Арабистони Саудӣ омодагии худ барои сармоягузории бештар дар Тоҷикистонро эълон кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 17-уми августи соли 2023 вазири молияи Тоҷикистон бо муовини директори иҷроияи Фонди Саудии Рушд оид ба стратегия ва рушд мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар ин мулоқот, ки раҳбарии ҳайати Тоҷикистонро вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ва раҳбарии ҳайати Арабистони Саудиро муовини директори иҷроияи Фонди Саудии Рушд Бандар Албозаъӣ бар уҳда доштанд. Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо “масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ибрози андеша намуда, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд.”

Гуфта мешавад, Фонди Саудии Рушд 50 сол пеш ҳамчун як муассисаи давлатӣ таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси он пешниҳоди кумак ва қарзҳои имтиёзнок ба кишварҳои фақиртарин дунё ва кишварҳои дар ҳоли тавсеа аст.

Аз баски тибқи радабандиҳои созмонҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмони 71-сола, ки беш аз 30 сол инҷониб раҳбарии ҳукумат ва давлатро бар уҳда дорад, яке аз фақиртарин кишварҳои дунё шинохта мешавад, Фонди Саудии Рушд ҳам тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳо ва сармоягузориҳои худ дар Тоҷикистонро зиёдтар кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.