25.9 C
Dushanbe

Ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар Тоҷикистон

Ширкати “Барқи тоҷик” бо пахши изҳороте хабар дод, ки дар Тоҷикистон аз 22-уми сентябр “лимит”-и нерӯи барқ ҷорӣ шудааст.

Ин ширкат мисли ҳамеша эълон карда, ки маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинон ба “камшавии захираҳои об” ва “зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ” рабт додрад.

Инчунин дар изҳороти “Барқи тоҷик”, ки рӯзи 21-уми сентябр нашр шудааст, гуфта мешавад, зимистони имсол “бисёр сарду тӯлонӣ” мешавад ва аз сокинон хоста шудааст, ки “ба зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд”.

Пештар вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳам зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи июл аз мардум хоста буд, ки ангишт захира кунанд.

Аммо ҳоло “Барқи тоҷик” дар изҳороташ дақиқ нагуфтааст, ки дар як шабонарӯз сокинон бо чанд соат нерӯи барқ хоҳанд дошт.

Дар ҳамин ҳол, чанд сокини манотиқи гуногуни кишвар дар суҳбат бо Azda.tv ҷорӣ шудани “лимит”-и барқро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки дар як шабонарӯз камтар аз 8 соат барқ доранд.

Бояд гуфт, камбуди барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, беш аз 30 сол боз идома дорад ва то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Сокинон мегӯянд, чанд соли охир маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ моҳҳои тӯл мекашад, ҳатто давоми сол то 8 моҳ ҳам идома меёбад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон тақрибан 60% захираи обҳои Осиёи Марказиро дар худ дорад ва яке аз кишварҳои бойтарини ҷаҳон дар захираи об ба шумор меравад, вале се даҳа аст, ки сокинонаш ҳанӯз аз норасоии барқ ранҷ мекашанд.

Худи Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба истифода додани чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” дар соли 2018 шодиёна гирифта буд, ки “дигар лимит ба афсона табдил шуд”, аммо масъулони “Барқи Тоҷик” дар моҳи июли соли ҷорӣ гуфтанд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Сокинони кишвар бар ин боваранд, ки дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ барқ истеҳсол мешавад, вале мақомдорон онро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Узбекистон мефурӯшанд. Барои мисол, тибқи омори худи мақомот, Тоҷикистон танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 27 миллион доллар ба хориҷи кишвар нерӯи барқ ​​содир кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.