32.9 C
Dushanbe

Раҳмон дар Паёмаш аз чӣ гуфт?

Имрӯз, 23-уми декабри соли 2022 дар “Кохи Сомон” Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми солонаашро ироа кард.

Паёми имсолаи Раҳмонов “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” унвон дошт, ки дар ҳузури намояндагони парлумони кишвар гуфта шуд.

Бино ба иттилои Хадамоти Президент, дар Паёми солонаи раисҷумҳур “аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонон, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум” иштирок  кардаанд.

Тавре коршиносон аз ин Паём натиҷагирӣ мекунанд, тақрибан сухани нав ва барномаи амалишавандаи ҷадиде ироа нагардид. Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмаш низ мисли ҳарвақта оморҳои соли ҷориро бо оморҳои соли 1991 муқоиса намуда, аз “пешрафт” ба мардум гӯшзад кард. Ӯ ин бор ба таври умум дар барои сиёсати хориҷӣ, роҳҳои пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ суҳбат кард.

Инчунин раисҷумҳури кишвар аз боло бурдани маошу нафақа дар Тоҷикистон дар соли 2023 гуфт ва ба қавле мардумро умедвор кард.

Ӯ гуфт: “Аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 дарсад ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд мешавад;

аз 1 июли 2023 музди меҳнати кормандони маориф, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳо 20 дарсад афзоиш меёбад;

аз 1 июли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд мешавад;

ҳамчунин нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ дар сатҳи таварруми 2 соли ахир, вале на кам аз 16 дарсад зиёд мешавад ва дигар намуд нафақаҳо 20 дарсад афзоиш меёбад.”

Тавре маълум аст, Раҳмонов дар ҳар паёмаш аз боло бурдани маошу нафақаҳо мегӯяд, аммо худи кормандони соҳаҳои буҷетӣ, хусусан омӯзгорон ва нафақагирон ҳамеша аз камии музди меҳнат шикоят мекунанд. Ба гуфтаи аксари онҳо, он дарсаде, ки тибқи ваъдаи Раҳмонов дар сари маошҳояшон афзуда мешавад, ё ба онҳо пурра дода намешавад ва ё ин ки то он вақт нарху наво дар бозорҳо ба маротиб боло меравад, ки маош боз ҳам нокофӣ боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки тибқи оморҳои расмӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳама кам маошу нафақа мегиранд.

Ҳамзамон раисҷумҳур аз тавлиди нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва таҷдиди неругоҳҳо, аз ҷумла НБО-и “Норак” тавсиф кард, аммо аз мушкилоти асосии мардум, ки камбуди барқ ва ҷорӣ шудани лимит дар фасли сармо аст, чизе нагуфт.

Раҳмон дар Паёмаш аз сокинон хост дар истифодаи барқ сарфакор бошанд ва аз масъулин талаб кард то раванди ба низоми биллингӣ гузаштан, ки дар ин низом сокинон маблағи барқро пешакӣ пардохт мекунанд ва баъди тамом шудани маблағ, интиқоли барқ қатъ мешавад, суръат бахшида шавад.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҷорӣ кардани ин низом дар бархе ноҳияҳо нишон дод, ки талафоти барқ 80-90 дарсад кам шуда, ҷамъоварии маблағ қариб ба 100 дарсад расидааст.

Бетаваҷуҳуии Раҳмонов ба набуди барқ ва таърифу тавсифаш аз тавлиди нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва таҷдиди нерӯгоҳҳо дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз фасли тирамоҳ ба ин тараф аз камбуди барқ шикоят доранд. Ба фарқ аз паёми имсолааш, Раҳмонов дар гузашта аз афсона шудани лимити барқ мегуфт, аммо имсол аз ин суханҳо чизе набуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.