16.9 C
Dushanbe

Анҷоми таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ

Таҳқиқи парвандаи блогер ва рӯзноманигори шинохта Далери Имомалӣ ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар дод.

Гуфта мешавад, мақомот Далери Имомалиро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ гумонбар медонад. Аммо худи ӯ танҳо ду иттиҳоми аввалро қисман қабул карда, пайравӣ аз созмонҳои мамнуъро рад кардааст.

Мақомоти тафтишотӣ ва вакили мудофеи ӯ бо баҳонаи махфӣ будани парванда ҷузъиёти парвандаро намегӯянд.

Пештар аз ин хабари ба додгоҳ фиристода шудани парвандаи рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҳамроҳи Далери Имомалӣ боздошт шуда буд, дар расонаҳо нашр шуд.

Мақомот Ғурбатиро ба се моддаи Кодекси ҷиноӣ , аз ҷумла “таҳқири намояндаи ҳокимият (330 қисми 1), истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (328 қисми 1), иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ (307 иловаи 3 қисми 2) гумонбар меҳисобад. Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳама иттиҳомоти мақомотро пурра рад кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба дасти онҳо расидаааст ва гуфтаанд, ки замони оғози мурофиа то ҳол маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июн соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шуд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ асри ҳамон рӯз аз сӯи масъулини Додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват ва баъдан боздошт гардид ва сипас ҳар ду барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон пас аз ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фишор болои хабарнигорон ва блогерони мунтақид аз ҳукуматро афзоиш дода, дар давоми камтар аз ду моҳи ахир 7 хабарнигору блогери кишварро боздошт ва равонаи зиндон карданд.

Пас аз боздошти рӯзноманигорон ва фаъолони маданӣ, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигаронро фавран озод кунад. Аммо мақомот талаби созмонҳои ҳуқуқиро мисли ҳамеша нодида мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корманди шабакаи барқ дар Данғара бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Дар ноҳияи Данғара як корманди Шабакаи тақсимоти барқ бо гумони фиреб ва расондани зарар ба аҳолӣ дастгир карда шуд.

Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Русия бо ҷурми қочоқи зиёди маводи мухаддир

Дар вилояти Сахалини Русия як шаҳрванди 55-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми талоши фурӯши маводи мухаддир боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 24-уми май хабар дод, ки нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат пурра иҷро шудааст.

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.