Бознашри матлаб аз сомонаи “akhbor.com”.
Додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Саратови Русия рӯзи 20 август талаби пулиси вилояти Саратов дар мавриди бекор кардани шаҳрвандии Қадам Исматов, яке аз корбарони фаъоли Фейсбукро рад кард. Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Саратов даъво дошт, ки Қадам Исматов соли 2005 ҳангоми гирифтани шаҳрвандии Русия дидаю дониста маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардааст, аз ҷумла дар суроғае, ки дар санадҳояш нишон дода буд, зиндагӣ намекард.
Шуҳрат Қудратов, адвокати шинохтаи тоҷик, ки дар ин мурофиа аз манфиатҳои Қадам Исматов ҳимоят мекард, дар суҳбат бо сомонаи “Ахбор” тафсилоти мурофиаи рӯзи 20-уми августро қисса кард: “Додгоҳи ноҳияи Киров рӯзи 20 август ваҷҳҳои тарафҳоро шунид. Даъвои пулиси Саратов бар сари ин буд, ки гӯё номи Қадам Исматов дар китоби “домовой” дар он суроғае, ки ӯ дар санадҳояш ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ нишон дода буд, вуҷуд надорад. Аммо мо ваҷҳи худро овардем, ки Қадам Исматов дар ин суроға сабти ном шуда буд ва инро муҳри “прописка” дар шиносномаи вай собит мекунад. Инки дар китоби “домовой” номи вайро ворид накардаанд, тақсири Қадам Исматов нест, балки кӯтоҳии худи масъулон аст. Хушбахтона, додгоҳ ваҷҳҳои овардаи моро ба инобат гирифт ва даъвои пулисро рад кард. Ба ин тартиб, дар зинаи аввали додгоҳӣ мо ғолиб омадем.”
Шуҳрат Қудратов гуфт, пулиси Саратов шояд аз ин қарори додгоҳи ноҳияи Киров ба додгоҳи болотар шикоят барад, вале ӯ мутмаин аст, ки дар дигар зинаҳои додгоҳӣ низ онҳо дастболо хоҳанд шуд. “Зеро ҳақ ба ҷониби мост”, – гуфт Шуҳрат Қудратов.
Тафтиши асноди марбут ба шаҳрвандии Қадам Исматовро ФСБ анҷом додааст, вале азбаски ФСБ ҳаққи ба додгоҳ даъво бурдан дар масъалаи шаҳрвандиро надорад, инро ба мақомоти корҳои дохила, ниҳоде, ки масъули додани шаҳрвандии Русия аст, вогузор кардааст.
Маҳрум кардан аз ҳаққи шаҳрвандии Русия таҷрибаест, ки мақомоти он кишвар солҳои охир барои ихроҷу истирдоди намояндагони мухолифини кишварҳои дигари пасошӯравӣ аз ин таҷруба зиёд истифода мебаранд. Барои мисол, дар соли 2015 яке аз роҳбарони “Гуруҳи 24” Мақсуд Иброҳимов ва соли 2015 ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Каромат Шариповро маҳз дар пайи лағви шаҳрвандиашон ба Тоҷикистон фиристоданд. Мақсуд Иброҳимов дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд ва Каромат Шарипов моҳи майи соли равон дар синни 57 дар Тоҷикистон вафот кард.
Бисёриҳо тарс доштанд, ки Қадам Исматовро низ дар сурати лағви шаҳрвандиаш чунин сарнавишт, яъне ихроҷ ба Тоҷикистон мунтазир аст.
Қадам Исматов, ки солҳои тӯлоние дар вилояти Саратови Русия кору зиндагӣ мекунад ва ҳанӯз дар соли 2005 шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст, як нафари дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар Фейсбук, хеле фаъол аст ва тақрибан ҳар рӯз дар бораи масоили доғи Тоҷикистон изҳори назар мекунад. Ӯ дар шарҳҳои худ сарсахтона аз мақомоти Тоҷикистон барои поймол кардани озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ва бепарвоиву фориғболӣ нисбат ба мушкилоти мардум интиқод мекунад ва дар айни замон, роҳбарони оппозитсия низ аз оташи танқидҳои ӯ ором надоранд. Қадам Исматов роҳбарони сангарҳои ин тарафи ҷабҳаи муборизаҳои сиёсии Тоҷикистонро низ сарсахтона ба заифӣ, набуди ирода барои сарҷамъ шудану аз як гиребон сар баровардан ва андармонии беш аз ҳад дар қайди ихтилофоти шахсиву дохилӣ айбдор мекунад.
Ба ҳамин далел, Қадам Исматовро дар ҳарду тарафи ин ҷабҳа зиёд хуш надоранд. Муддати зиёде бисёриҳо ҳатто фикр мекарданд, ки нафаре бо чунин ном дар асл вуҷуд надорад ва Қадам Исматов як номи “фейкӣ”-и Додоҷон Атовуллоев аст, зеро аз ӯ гарм ҳимоят мекард. Дар баҳори соли 2019 вақте номи Қадам Исматов дар рӯйхатти сиёҳи Бонки миллии Тоҷикистон пайдо шуд, бисёриҳо киноя ҳам заданд, ки Бонки миллӣ як фейкро таҳрим кардааст.
Аммо Қадам Исматов фейк нест. Муаллифи ин сатрҳо аз солҳои пеш хуб ёд дорад, ки ӯ ҳаз дар солҳои 2012 -2014 ҳамин тавр, фаъолона дар зери матлабҳои радиои Озодӣ шарҳҳои муфассал менавишт, вале баъдан ба нишони эътироз ба сиёсати эҷодии Озодӣ ин корро қатъ кард.
Дар ҳар сурат, оқибати кори ин фаъоли тоҷик ба ҷое расид, ки мақомоти пулиси Русия бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон дар пайи аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани ӯ ва истирдодаш ба Тоҷикистон шудаанд.
Қадам Исматов дар аввали соли ҷорӣ барои иваз кардани шаҳодатномаи ронандагиаш ба ГИБДД – собиқ ГАИ – рафт. Дар онҷо ному насаби вайро дар компутар зада, бидуни кадом шарҳе фармудаанд, ки Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Саратов бояд биравад.
Дар Сарраёсати пулис Қадам Исматов хабар ёфт, ки ӯ аз 24 ноябри соли 2016 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти кофтукови байналмилалӣ қарор дода шудааст.
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон ба зидди Қадам Исматов бар асоси 6 моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд:
1)Моддаи 187, қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ))
2)Моддаи 189, қисми 3 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ аз ҷониби гуруҳи муташаккил)
3)Моддаи 307, қисми 3 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ)
4)Моддаи 307.1, қисми 2 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет)
5)Моддаи307.2, қисми 2 (узвият дар иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)
6)Моддаи 307.3, қисми 2 (Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар,)
Мақомоти Тоҷикистон Қадам Исматовро ба он гунаҳкор кардаанд, ки бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва бо роҳбарони оппозитсия, аз ҷумла бо Додоҷон Атовуллоев, Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев ҳамкории зич дорад.
Аммо Қадам Исматов мегӯяд, дар ҳақиқат узви раёсати Анҷумани нирӯҳои созандаи Додоҷон Атовуллоев буд, вале бо “Гуруҳи 24” ва ҳеҷ кадом аз дигар гуруҳҳои мухолиф ва раҳбарони онҳо иртиботе надорад.
Пулис Қадам Исматовро баъди ин ба додситонии Саратов фиристод. Корманди додситонӣ баъди санҷиши санадҳои Исматов, гуфтааст, азбаски Қадам Исматов шаҳрвандии Русияро дорад, тибқи Конститутсияи Русия, ӯро касе ба давлати дигар супурда наметавонад.
Додситон гуфтааст, онҳо мефаҳманд, ки мақомоти Тоҷикистон ҳар нафареро, ки аз ҳукумат танқид мекунад, бо моддаи 307 таҳти кофтуков қарор медиҳанд. Бино ба эътирофи ин додситон, мақомоти Душанбе танҳо бар асоси ин моддаи 307 беш аз 4 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистонро таҳти кофтукови байналмилалӣ қарор додаанд.
Бо ҳамин, додситонии Саратов Қадам Исматовро раҳо кардааст.
Аммо Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Саратов моҳи феврал ба додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Саратов муроҷиат кард, ки Қадам Исматовро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кунанд. Чунин қарор роҳро барои истирдоди ӯ ба Тоҷикистон боз мекард. 13 март додгоҳи ноҳияи Киров талаби вакили мудофеи Қадам Исматов – Шуҳрат Қудратовро пазируфт ва дархости пулис барои лағви шаҳрвандии Исматовро бе баррасӣ монд, яъне рад кард.
Дар ин байн дар Русия ба далели коронавирус карантин эълон шуду аксари муассисаҳо, аз ҷумла судҳо карантин шуданд.
Вале рӯзи 14 июл додгоҳ дар пайи талаби дубораи пулиси Саратов қарори додгоҳи зинаи аввал дар мавриди бе баррасӣ монондани тақозои лағви шаҳрвандии Исматовро бекор кард ва ин қазияро барои баррасии дигарбора ба ҳамон додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Саратов фиристод.
Идомаи ҷустуҷӯи байналмилалии Қадам Исматов дар ҳолест ки моҳи декабри соли 2019 Додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси қонуни афв парвандаи ҷиноятӣ ва қарори кофтукови байналмилалии Додоҷон Атовуллоев, роҳбари Анҷумани нирӯҳои созанда, созмонеро, ки Қадам Исматов барои узвият ва тарафдорӣ аз он таҳти кофтуков қарор гирифтааст, бекор кард ва гуфт, Атовуллоев акнун метавонад озодона ба Ватан баргардад.