35.9 C
Dushanbe

ПМТ аз шаҳрвандон хост дар қазияи Шоҳида Маҳмадҷонова хомӯш наистанд

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо нашри баёнияе ба 6 соли зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум намуда, ин амали мақомотро ғайриқонунӣ ва хилофи ҳама меъёрҳои ҳуқуқибашарӣ донистааст.

ПМТ – як эътилофи мухолифини Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар, зиндонӣ намудани хонум Маҳмадҷоноваро ба фаъолиятҳои фарзандаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт дода, режими имрӯзаи Тоҷикистонро ба эҳтиром накардани қонун ва арзишҳои милливу инсонӣ муттаҳам кардааст.

Ин эътилофи мухолифин аз ҷомеаи кишвар, ба хусус зиёиён ва бонувон даъват кардааст, ки дар баробари ин қонуншикании ошкор ва амали ғайриинсонӣ хошмӯширо ихтиёр накунанд ва нагузоранд, ки як модари бегуноҳ ба хотири фарзандаш ба муддати 6 сол равонаи зиндон шавад. Дар идома таъкид шудааст, ки “ин ҳолат метавонад фардо ба сари ҳар шаҳрванд биояд”.

Ҳамчунин ПМТ аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи занон талаб намудааст, ки бо ҳар роҳи мумкин барои озодии Шоҳида Маҳмадҷонова талош намоянд ва нагузоранд, ки муҷозоти модарон ба ҷои фарзандон ба як анъана табдил шавад.

Аз ин пештар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон низ ҳабси ин модари тоҷикро бадтарин сатҳи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон номида, озодии ӯро талаб намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳида Маҳмадҷонова рӯзи 7-уми апрел барои навиштани ду шарҳ дар зери наворҳои писараш Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон 09” ва “Ислоҳ+” дар Ютуб, бо қарори додгоҳ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли 2022 ба шуъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз онҷо бедарак гардид. Сипас Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зери фишорҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон маҷбур шуд, ки 8-уми феврали соли ҷорӣ боздошти ӯро эътироф кунад, вале бо ин вуҷуд аз замони боздошт боре ҳам ба пайвандони ӯ иҷозати мулоқот бо хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро надоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.