22.9 C
Dushanbe

Поёни таҳқиқи марги Розиқов ва ирсоли парвандааш ба додгоҳ

Таҳқиқи марги Абдуқаҳҳор Розиқов, ки шаби 2-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милиса боздошт ва дар шароити мармуз ҷон бохта буд, ба охир расидааст.

Парвандаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов ҳафтаи пеш ба анҷом расида, ба додгоҳ фиристода шудааст. Додситонии минтақа ва Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ин хабарро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд, аммо аз ҷузъиёти ин парванда чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 2-юми январи соли ҷорӣ кормандони ШВКД-и шаҳри Кӯлоб сокини ин шаҳр Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо аз хонаи истиқоматиаш боздошт карда, дертар ҷасадашро ба сардхонаи шаҳр супориданд.

Наздикону пайвандонаш дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, ки Розиқов дар натиҷаи шиканҷаи мақомот ба ҳалокат расидааст, ҷун дар баданаш осори шиканҷа дида мешуд.

Яке аз наздикони Абдуқаҳҳор дар тамос бо Azda tv бидуни зикри номаш гуфта буд, ки марҳумро дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб барои имзо гузоштан зери кадом парвандаи ҷиноятие маҷбур мекунанд, вале ӯ имзо намегузорад. Аз ин рӯ, ӯро 4 ё 5 нафар аз кормандони милиса дар барқ мемонанд ва то дами марг шиканҷаи сахт мекунанд. Пас аз ҷон бохтан онҳо бо мақсади рӯпӯш кардани ин ҷинояташон ӯро ба беморхона ва аз онҷо ба сардхона бурда, худ фирор кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истеъмоли зиёди “маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл)” гуфта буд, аммо наздиконаш инро рад мекунанд.

Пас аз хабари кушта шудани Розиқов даҳҳо нафар аз сокинони Кӯлоб ва пайвандони ӯ ду маротиба бо талаби адолатхоҳӣ дар назди сардхона ва ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҷамъ омада буданд. Бори аввал онҳо аз мақомот хоста буданд, ки гумонбарон боздошт ва ҷазо дода шаванд. Шоҳидон мегӯянд, ки мақомоти шаҳри Кӯлоб ба дасти се маъмури милиса завлона зада, ба мардум нишон дода буданд, то онҳо пароканда шаванд.

Аммо баъд аз пароканда шудани мардум беш аз даҳ нафари онҳо аз ҷониби кормандони милиса боздошту бозпурсӣ шуда буданд.  

Дертар, чун маълум шуд, ки мақомот танҳо нисбати як нафар парванда боз карда ва ду нафари дигарро озод кардааст, рӯзи 30-уми январ бори дигар пайванони Розиқов ва дигар сокинони Кӯлоб назди ҳукумати ин минтақа ҷамъ омаданд. Ин дафъ онҳо аз мақомот таҳқиқи одилонаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва ба ҷавобгари кашидани ҳамаи гумонбаронро хостанд.

Мақомот аз пайвандони Розиқов талаб карда буд, ки аз рафти тазоҳурот аксу навор нагиранд ва дар интернет паҳн накунанд, инчунин кормандони ВКД ва КДАМ онҳоро таъкид карда буданд, ки “дигар одами бисёр ҷамъ нашавед ва ҳар вақте омадед, ду-се нафар оед”.

Хабари марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо ва суолҳои зиёдеро ба бор овард. Баъзе аз корбарон қатли ин ҷавони зодаи Кӯлобро ба қатли ваҳшиёнаи сокини деҳаи Роштқалъаи ВКМБ Гулбиддин Зиёбеков, ки моҳи ноябри соли 2021 аз ҷониби кормандони мақомот cурат гирифта буд, монанд медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.