22.9 C
Dushanbe

Президент гуфт: 50 марду 3 зани сокинони Ванҷ ҳамчун террорист дар пайгарданд

Акс аз сомонаи president.tj

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 20 август зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ванҷ ба масъалаи сулҳу субот ва роҳҳои таъмини он дар кишвар ишора намуда, гуфт, ки танҳо аз соли 2014 то имрӯз 53 нафар сокинони ноҳия дар ҳайати ташкилоту гурӯҳҳои байналмилалии террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар қаламрави дигар давлатҳо иштирок доранд.

Ба гуфтаи президенти кишвар аз ин адад 50 нафар мард ва 3 каси дигар зан мебошанд, ки нисбат ба ҳамаи онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, дар кофтукови байламиллалӣ қарор доранд.

Президент дар давоми суҳбаташ афзуд, ки 20 нафарашон сокинони деҳоти Язгулом, 13 нафар аз деҳоти Рованд, 11 нафар сокинони деҳоти М. Абдуллоев ва 7 нафар аз деҳоти Техарв мебошанд.

“То имрӯз 12 нафари онҳо дастгир ва ба Ватан баргардонида шуда, нисбат ба 8 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст”, – гуфт Раҳмон дар суҳбаташ.

Ӯ сохторҳои қудратии ноҳия ва ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки кори фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок кунанд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ишора намуд, ки 96 нафар сокинони ноҳия дар солҳои 1992-2015 дар муассисаҳои таълими динии хориҷӣ ғайрирасмӣ таҳсил доштанд, ки 92 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуда, 4 нафари дигар то ҳанӯз дар шаҳри Қоҳираи давлати Миср ба таври ғайрирасмӣ таҳсили динӣ гирифта истодаанд.

Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дида мешуд тақрибан 100 нафар назди бинои ҳукумати Ванҷ ҷамъ омада буданд. Ба гуфтаи шоҳидон, сабаби ин таҷаммуъ барои изҳори нигаронӣ аз амалкарди ноҷо ва риштарошӣ маҷбурии гурӯҳи кории ҳукумати маҳаллӣ будааст, ки пешопеши сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия мақомот рӯи даст гирифтанд.

Ба назари коршиносон маҳз дар ҳамин мавзӯъ суҳбат кардани Раҳмон дар ин ноҳия ва дастуру супоришҳо додан ба мақомот, ки кори фаҳмондадиҳиро ҷоннок кунанд, ба наздик шудани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ва инчунин вазъияти сиёсии минтақа, хусусан эътирозҳои оммавии Белорус рабт дорад. Ба назари онҳо ин суҳбатҳо ба маънои лаҷоми мардуми ҳақталаби ин ноҳияро кашидан аст. Ҳамчуноне, ки дар минтақаҳои дигари кишвар ин амал татбиқ шуда буд.

Як манбаъ ба “Аздо тв” аз ноҳияи Ванҷ хабар дод, ки як ҳафта боз мақомот барои сафари Раҳмон маъракаи риштароширо пеш гирифтааст, аз ин рӯ, мардум бо мақомот зиёд даргир мешаванд. Манбаъ мегӯяд, ки ду рӯз пеш аз расидани Президент ба ин ноҳия тадбирҳои амниятӣ сахттар шуда ҳатто аз дигар навоҳӣ нерӯҳои низомиро ба Ванҷ овардаанд. Ба гуфтаи ӯ имрӯз дар кучаву роҳҳои ноҳия нерӯҳои амниятӣ зиёд ба чашм мехӯранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.