8.9 C
Dushanbe

Рӯйхати “сиёҳ”-и муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия бо нашри чанд феҳрист гуфтаанд, ки дар байни касоне, ки бархе қонуну қоидаҳои ин кишварро роия намекунанд, зиёда аз сад ҳазор тоҷикистонӣ низ вуҷуд дорад.

Бино ба иттилои расмӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри як “хабари фаврӣ” гуфтааст, ки Вазорати корҳои дохилии Русия “низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намудааст”.

Ба қавли манбаъ, дар байни касоне, ки Вазорати корҳои дохилии Русия онҳоро “ҳамчун қонунвайронкунанда” дар ҳудуди ин кишвар сабти ном кардааст, “зиёда аз 123 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ ҳузур доранд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба хитоб касоне, ки дар ин рӯйхатҳои “сиёҳ”-и Русия қарор гирифтаанд, ё ихроҷ шудаанд ва ё хатари ихроҷ аз ҳудуди ин кишвар онҳоро таҳдид мекунад, тавсия додааст, ки “нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод  намоянд.”

Инчунин ин вазорат ба касоне, ки “дорои душаҳрвандӣ- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳастанд ва ё қонунӣ фаъолияти меҳнати менамоянд ва дар ин рӯйхати “сиёҳ” қарор гирифтаанд, низ тавсия додааст, ки “ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.” 

Дар байни касоне, ки дар ин рӯйхати сиёҳ қарор гирифтаанд, ки сокинони вилояти Хатлон бо 53 ҳазору 703 нафар дар мақоми аввал, сокинони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо 31 ҳазору 604 нафар мақоми дувум, сокинони вилояти Суғд бо 26 ҳазору 385 нафар дар ҷои сеюм, сокинони шаҳри Душанбе бо 7 ҳазору 828 нафар зинаи чорум ва сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам бо 3 ҳазору 563 нафар дар ҷоии ахир қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Русия пас аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои федералӣ дар бораи будубоши шаҳрвадони хориҷӣ дар Русия интизор меравад, ки иҷрои ин қонунҳо аз 5-уми феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо кунанд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роҳбари синф аз сафари ҳаҷаш нақл кард, аз масъулият ронда шуд

Бо фармони махсуси раиси ноҳияи Шаҳринав Абдулқодир Вализода муаллимоне, ки ҳаҷ карда буданд, аз масъулияти роҳбари синфӣ ронда шуданд.

Тақдири садҳо зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ номуайян аст

Бинобар иттилои расмӣ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тақрибан 250–300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд.

Иштироки тоҷикони Литва дар ҷашни “Рӯзи нон”

Ҷамъияти тоҷикони Литва бори дуввум аст, ки дар ҷашни анъанавии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, "Рӯзи нон" фаъолона иштирок мекунанд.

Боз як мақомдор бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуд

Муҳаммад Бобозода, сардори идораи замини шаҳри Исфара бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст.