20.9 C
Dushanbe

Раҳмонов: Сатҳи камбизоатӣ поин рафтааст. Вале иқтисод пасттар аз Афғонистон аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури дарозумри Тоҷикистон иддао дорад, ки мизони камбизоатиро дар давоми беш аз 30 сол ба 21 дарсад расондааст.

Ин гуфтаҳоро Раҳмонов зимни ироаи паёми шодбошияш ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба забон овард. Ӯ гуфт, ки сатҳи камбизотӣ дар кишвар аз 83 дарсади соли 1999 ба 21,2 дарсад дар соли 2023 расидааст.

Ӯ зимни суханронияш ба ҳукумташ дастур дод, ки дар ҳафт соли оянда сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 10 дарсад поин оварда шавад.

Раҳмонов барои анҷоми ин барнома (поин овардани сатҳи камбизотӣ ба 10 дарсад) чаҳор ҳадфи стратегиро ихтиёр кардаву аз ҳукуматаш тақозои татбиқи онро кардааст. Ӯ “истиқлолияти энергетикӣ, рафъи бунбасти нақлиётӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатсозии босуръат”-ро ҳамчун аҳдофи стротегӣ муаррифӣ кард.

Албатта, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва афсонаи бебарқӣ ин бори аввал нест, ки аз забони Раҳмонов садо медиҳад ва ба назар мерасад, бори ахир ҳам нахоҳад буд. Аммо поин овардани сатҳи камбизатӣ дар кишвар ба 21,2 дарсад даъвои нав аст.

Раҳмон дар ҳоле чунин иддао мекунад, ки нишондоди сатҳи камбизатӣ дар Тоҷикистон дар воқеъ ба 26,3 дарсад мерасад, на 21 дарсад. Ин нишондод Тоҷикистонро яке аз фақиртарин икшварҳои Осиё муаррифӣ мекунад, ки дар қатори Яману Непал ва Мянмару Тимори Шарқӣ қарор гирфтааст.

Шохисҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро як кишвари дорои иқтисоди бисёр заиф бо сатҳи пасти зиндагӣ нишон медиҳанд. Маоши миёна дар Тоҷикистон 170 доллари ИМА баробар мебошад. Иқтисоди он асосан аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ, ки аксаран дар Русия кор мекунанд, мечархад.

Аммо сатҳи камбизатӣ дар Миянмар ба 24,8 дарсад ва дар Непал ба 25,2 дарсад баробар аст. Ва ахиран расонаҳо хабар доданд, ки дар Иморати исломии Афғонистон, зери сарпарстии Толибон, маоши миёна 205 долларро ташкил дода, ки ба ин ҳол аз Тоҷикистон пеш гузаштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Авфи садҳо зиндонӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон фармони авфи 897 зиндониро содир кард.

Боздошти мубаллиғи Ҳукумат бо иттоми таҷовузи ноболиғ

Собиқ узви фаъоли "Авангард" Додихудо Шарифзода бо иттиҳоми "таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ" боздошт шуд.

Муовини раиси шаҳри Ҳисор бо иттиҳоми ришва боздошт шуд

Муовини раиси шаҳри Ҳисор Гулзода Сангалӣ Бурӣ аз ҷониби Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон бо иттиҳоми ришва ва фасод боздошт шудааст.

Боздошти шаҳрдори Истанбул ва тазоҳуроти хиёбонӣ дар Туркия

Бо фармони Додситонии кулли Туркия 19-уми марти соли ҷорӣ шаҳрдори Истанбул Акрам Имомуғлу ва беш аз 100 мансабдору чеҳраҳои маъруф боздошт шуданд.