8.9 C
Dushanbe

Радди Муҳаммадиқболи Садриддин ба иттиҳомномаи прокуратураи генералӣ

“PrtSc”: аз видео шабакаи Ютуб

Муҳаммадиқболи Садриддин, муассиси пойгоҳи интернетии “Ислоҳ” рӯзи 16 октябр дар як видеои 21 дақиқаӣ дар шабакаи Ютуб ба иттиҳомоте, ки зидди ӯ прокуратураи генералии Тоҷикистон эълонкардааст, посух дод.

Ӯ иддаои қаллобиаш ба маблағи 430 ҳазор долларро “як дурӯғи шохдор” номид ва гуфт, додситони кул Юсуф Раҳмон дар арафаи нашри таҳқиқоти “Ислоҳ” дар бораи дар коррупсия даст доштанаш, даст ба чунин туҳмат задааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар ин навор гуфт, он муомилаи тиҷоратӣ дар Дубай моҳи августи соли 2011 сурат гирифта буд, на дар соли 2010, ки прокуратура мегӯяд. Ӯ чанд санадеро нишон дода мегӯяд, ки дар асл ӯ ба Носиҳиддин Қаюмов, яке аз се нафари даъвогар, 741 ҳазор $ дода буд, на баракс. Муҳаммадиқбол мегӯяд, даъвогари дигаре бо номи Сиёвуш Холов чандин сол пеш дар ҳамон Дубай кушта шуда буд ва ӯ аслан бо Сиёвуш Холов ягон муомилаи молию пулӣ надошт. Ӯ дар идома суол медиҳад, чӣ гуна як нафаре, ки дар қайди ҳаёт нест ба прокуратура рафта, шикоят навистааст?

Прокуратураи генералии ҶТ Муҳаммадиқболи Садриддинро, ки феълан дар Аврупо қарор дорад, ба он айбдор мекунад, ки соли 2010 вақте дар Дубай қарор дошт, бо ваъдаи 10%-12% даромад аз Кабутов. Н, Холов С ва Қаюмов Н 430 ҳазор$-ро гирифта дигар барнагардондааст. Амммо худи ӯ имрӯз ин иттиҳомотро рад кард.  

Муҳаммадиқбол Садриддин яке аз мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин авохир суханрониҳои худро ба шакли видеоӣ ва онлайнӣ роҳандозӣ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷойивазкунии навбатии мақомдорон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар чанде аз сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ ва як вазорат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Пулиси Душанбе дар 15 мактаб корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронд

Пас аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, ки ян наврас кушта ва як каси дига захмӣ шуд, мақомоти пулиси пойтахт чораҳои зиддиҷиноятиро роҳандозӣ карданд.

Ин мушкили барқ кай ҳал мешавад? Шикояти сокинон аз бебарқӣ

Баъзе сокинон аз вилояти Суғд ва Хатлон аз он шикоят доранд, ки аз ҳоло барқ надоранд ва дар як шабонарӯз тақрибан аз 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Дар Тоҷикистон “WhatsApp” ва “Telegram” маҳдуд мешаванд?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи "ОРИЗ" хабар дод.