33.9 C
Dushanbe

Раисӣ: масмумияти духтарон ҷиноят ва иқдоми зиддӣ башарӣ аст

Президенти Эрон, масмум шудани духтарон дар мактабу донишгоҳҳои кишварашро ҷиноят ва иқдоми зиддӣ баршарӣ эълон кард.

Бино ба

Аммо Аҳмад Ваҳидӣ, вазири корҳои дохилии ин кишвар ахиран иттилоъ дода буд, ки “дар таҳқиқоти майдонии дастгоҳҳои зирабт, намунаҳои машкуке ёфта шуда, ки барои баррасиҳои тахассусӣ ҷиҳати шиносоии иллати аворизи иҷодшуда дар донишомӯзон дар озмоишгоҳҳои муътабари кишвар дар дасти баррасӣ аст.”

Масмумияти духтарон дар мактабҳои Эрон бо вокунишҳои мухталифе дар дохил ва хориҷи ин кишвар рӯбарӯ шудааст. Аз як сӯ, волидони ва дигар наздикону пайдони духтарони масмумшуда, мақомоти эрониро ва бахусус нерӯҳои Сипоҳ ва Басиҷи ин кишварро дар ин кор муттаҳам мекунанд ва аз сӯи дигар мухолифини ин кишвар дар хориҷ мақомоти Эронро ба ноуҳдаброӣ дар таъмини амнияти дохилӣ муттаҳам карда мегӯянд, ҷумҳурии исломӣ аз духтарон интиқом мегирад.

Гуфта мешавад, зарфе беш аз се моҳи ахир масмум сохтани духтарон дар мактабҳо ба як иқдоми занҷираӣ дар Эрон табдил ёфтааст. Дар ин муддат садҳо нафар аз донишомӯзон бо нишонаҳои заҳролудшудан дар мактабҳо барои дармон ба бемористонҳо интиқол ва бистарӣ шудаанд. Аммо бо гузашти беш аз 90 шабонарӯз ҳеч ҷиҳате на дар дохил ва на дар хориҷ ин ҷинояти вазнин алайҳи духтаронро бар уҳда нагирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.