28.9 C
Dushanbe

Раиси ВМКБ Муҳаммадбоқирро “раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ” хонд

Алишер Мирзонаботов, раиси ВМКБ дар як суханроние, ки зоҳиран бо аъзои ҳукумати вилоят аст, аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз роҳбарони мардумии ин вилоят “раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” ном бурд.

Ин суханронии раиси тозаинтихоби ВМКБ маълум нест кадом рӯз будааст, аммо дар шабакаҳои иҷтимои шоми рӯзи 12-уми январ роҳ ёфт.

Мирзонаботов мегӯяд, Маҳмадбоқиров ду маротиба дар маҳаллаи Хоруғи боло барои мулоқоти раиси вилоят бо мардум монеа эҷод кард ва намегузорад ӯ бо мардум мулоқот кунад.

Ӯ дар идома афзуд, “ҷинояткорон дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд, лекин вақте ҷиноят содир кард, даъватнома бурданд расонданд, ӯ ҳозир мешавад. Агарки ҳозир нашуд, рафта дастгир карда меоранд. Лекин дар ягон минтақаи Тоҷикистон дар назди сохторҳои қудратӣ, прокуратура, суд, милитсия ва КДАМ ягон кас ҷамъ намешавад, 200-300 нафар гирд намеоянд, фишор намеоранд, монеа эҷод намекунанд. Ин кор хос фақат барои шаҳри Хоруғу ВМКБ аст.”

Ӯ ҳамчунин муроҷиату дархостҳои ҳамватанонеро, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва барои ҳимоят аз мардуми Бадахшон суҳбатҳо мекунанд, “иғвоангез ва муғризона” хонд.

Аммо ин дарҳолест, ки мардуми ВМКБ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро як раҳбари мардумии дорои обрӯву эътибор дар ҷомеа ва бо хислатҳои неки инсонӣ мешиносанд.

Маҳмадбоқиров дар гузашта дар Кумитаи марзбонии ВМКБ фаъолият намуда, то рутбаи сарҳанг (полковник) расида буд. Ба гуфтаи як сокинони ВМКБ, Маҳмадбоқир баъд аз оне, ки хилофкориҳои худи мақомотро ошкор кардан хост, аз мақомаш барканораш карданд ва вақтҳои охир барои дастгир карданаш ӯро ба шакли як ҷинояткор муаррифӣ доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.