-3.1 C
Dushanbe

Раҳмон аз талошҳои Раббонӣ дар раванди сулҳи тоҷикон гуфт

Дар як суҳбати онлайнӣ бахшида ба нуҳумин солгарди даргузашти Бурҳониддин Раббонӣ раиси ҷумҳурии пешин ва раҳбари Шӯрои сулҳи Афғонистон, ки дар он намояндагони дипломатии кишварҳо ва коршиносони масоили Афғонистон ширкат доштанд, Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намудааст.

Ҳамоиши бузургдошти Бурҳониддин Раббониро, шоми 19 сентябр Азиз Бориз, дипломати собиқи афғонии муқими Бритониёи Кабир, баргузор кардааст.

Дар ин ҳамоиш, ки аз тариқи Zoom сурат гирифта буд, навори аз пеш сабтнамудаи Раҳмонро, намояндаи Тоҷикистон дар Бритониё пахш кард.

Сабаби шахсан иштирок накадани Эмомалӣ Раҳмонро, Азиз Бориз собиқ дипломати афғонистонӣ ба Радиои Озодӣ чунин шарҳ додааст:

“Эмомалӣ Раҳмон бо далели серкорӣ ва банд будан натавонист мустақим ҳузур дошта бошад, вале бо эҳтироме, ки ба “Шаҳиди сулҳ” доштанд, суханронии худро сабт карда фиристоданд”.

Дар суҳбати аз пеш сабтшудаи худ, Эмомалӣ Раҳмон аз Бурҳониддин Раббонӣ тавсиф намуда, гуфтааст, ки маҳз бо талошҳои ӯ аввалин гуфтушуниди намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, соли 1995 дар Кобул, бо намояндагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик сурат гирифт ва роҳро барои музокироти баъдӣ кушод.

Бино ба гуфтаи шоҳидон дар он замон Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд ду раҳбари фақиди Афғонистон дар раванди сулҳи тоҷикон талоши зиёд кардаанд ва шароитро барои вохӯриҳои ду ҷониби даргир фароҳам меоварданд. Онҳо ҷумлаи кафилони Сулҳ ба ҳисоб мерафтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле аз Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан мегӯяд, ки ҷониби дигари он аз саҳнаи сиёсати Тоҷикистон берун карда шудааст.

Ин сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва ИНОТ бо роҳбарии марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сурат гирифтааст.

Ҳукумат ва тарафдорони он иддао мекунанд, ки сулҳи тоҷикон маҳз бо талошҳои президенти кунунии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, мухолифони Ҳукумат онро шикастанд.

Аммо мухолифон мегӯянд, ки саҳми ҷониби дигари сулҳ ҳамеша нодида гирифта мешавад, ки ин нақзи бандҳои Созишномаи сулҳ ва ризоияти милӣ мебошад.

Ба назари мухолифин агар раҳбари ИНОТ, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Э.Раҳмон сулҳ  намекард, ҷанг дар Тоҷикистон чанд соли дигар давом меёфт.

Коршиносон мегӯянд, ки Раҳмон дар ҳоле дар бораи саҳми Бурҳониддин Раббонӣ дар раванди сулҳ ёд мекунад, ки аз сулҳи соли 1997 чизе боқӣ намондааст. Ба гуфтаи онҳо, Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2015 якҷониби сулҳ, ҲНИТ-ро терростӣ хонд, нафароне, ки дар раванди сулҳ саҳм доштанд зиндонӣ намуд ва қисми дигарро маҷбур ба тарки ватан кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон

Душанбе ва Исломобод қасд доранд, ки як роҳи тарнзитии...

Дар Русия имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон иҷборӣ мешавад

Думаи давлатии Русия аз лоиҳаи қонуне пуштибонӣ кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан дар мактабҳои ин кишвар бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

Имзои Ёдошти тафоҳум байни Тоҷикистону Покистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикии худ Ёдошти тафоҳум имзо мекунанд.

Тазоҳурот дар Дортмунд барои раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳ

10-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодии Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд ҷамъ омаданд.