Эмомалӣ Раҳмон 16-уми ноябри соли ҷорӣ зимни суханронияш ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бори дигар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ хонд.
Раҳмон, ки дар кохи “Арбоб” дар шаҳри Хуҷанд суханронӣ мекард, Иҷлосияи 16-умро рӯйдоди таърихии бузург ва нуқтаи оғози давлатдории худ номид.
Ӯ мегӯяд истиқлоли давлатии Тоҷикистон на аз 9-уми сентябри 1992, балки аз Иҷлосияи 16-ум, ки ба рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 рост меояд, оғоз шуддаст. Ба гуфтаи Раҳмон, мо то рӯзи Иҷлосия чизе аз нишони давлатдорӣ надоштем. “Яъне мо на Конститутсия, на Суруди миллӣ ва на Парчаму Нишони давлати соҳибистиқлоламонро доштем.”, мегӯяд ӯ.
Бархе коршиносони мутсақил бар ин назаранд, ки чунин гуфтани Раҳмон, ки қаблан садо намедод, ин маъноро дошта метавонад, ки эҳтимол рӯзи ҷашни Истиқлоли давлатиро аз 9-уми сентябр ба 16-уми ноябр мегузаронанд. Ҳамонгуна, ки ҷашни Рӯзи забонро аз 22-уми июл ба 5-уми октябр, ба рӯзи зодрӯзи Раҳмон гузаронданд.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронияш ҷанги шаҳрвандиро ҷанги таҳмилӣ номида, вале гуфт, ки онро “қувваҳои исломгарои радикалӣ” пиёда карданд. Раҳмон ҲНИТ-ро ба он муттаҳам кард, ки ин ҳизб мехост дар Тоҷикистон давлати исломӣ бисозад.
“Ин қувваҳо манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта, дар асл ба василаи амалигардонии ҳадафи ниҳонии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом, яъне бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷӣ дар Тоҷикистон барпо кардани давлати исломӣ табдил ёфта буданд.”, – гуфт Раҳмон.
Эмомалӣ ҳатто раҳбарони собиқ ҳизби ҳокими вақтро гунаҳкор кард, ки ба гуфтаи ӯ “натавонистанд вазъи баамаломадаро дуруст дарк карда, сари вақт тадбирҳои пешгирикунанда андешанд ва аз неруҳои солими ҷомеа истифода баранд.” Ҳатто баъзе дигарро ба бетарафӣ ва мавқеи тамошобинро гирифтан муттаҳам кард.
Ӯ мегӯяд, дар чунин вазъи ҳассос касе ҷуръат накард раҳбарияти кишварро ба даст бигирад, вале худи ӯ буд, ки ҷуръат карда ҳукуматро ба даст гирифт ва тавонист кишвару миллатро аз нобудӣ наҷот диҳад.
Раҳмон ҳамчуни афзуд: “Баъди интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат ман бо қатъият изҳор намудам, ки ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам.”
Аммо ҳоло мунтақидони Эмомалӣ Раҳмон ягона чизе, ки аз сиёсати ӯ шикоят ва интиқод мекунанд, поймол кардани ҳуқуқи инсон ва умуман риоят нашудани меъёрҳои демократӣ дар кишвар мебошад. Онҳо аз амалан вуҷуд надоштани ҳатто як расонаи озод дар кишвар ва ҳизби мухолифу ҷомеаи шаҳрвандие мисол меоранд, ки вуҷуди инҳо дар як кишвар баёнгари вуҷуди ҳокимият ва низоми демократист.
Дар идома Раҳмон ба монанди суҳбатҳои қаблияш суханҳои обшустаи зиёдшавии миқдори даромадаи мардум дар қиёс ба соли 2000-ро боз такрор кард.
“Тайи бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва қисми даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 114 миллиард сомонӣ расида, даромади буҷети давлатӣ ба 33 миллиард сомонӣ баробар мешавад.”
Исқтисоддонон мегӯянд, ин тарзи қиёси Эмомалӣ Раҳмон танҳо фиреб додани мардум аст ва онро ҳатто як шахси дарснахонда ҳам метавонад зери суол бурда, иштибоҳ будани чунин қиёсро дарк кунад, ки дар соли 2000 арзиши як халта орду 1 литр равған ва ё шакару тухм чанд сомонӣ буду ва ҳоло чанд сомонӣ шудааст. Ва оё аслан имкон дорад, ки ба он буҷети соли 2000 ва ё соли 2010 имрӯз зиндагӣ кард? Ҳамчунин Раҳмон ҳаргиз намегӯяд, ки чанд дарсади буҷети давлатро муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ доранд, пур мекунанд.