22.9 C
Dushanbe

Раҳоӣ ва фирори як шаҳрванди Русия аз асорати ҳамватанаш

Андрей Жилтсови як шаҳрванди Руся аз асорати чаҳорсола бо таксӣ рааҳо шуда, бо таксӣ фирор кардааст. Дар ин бора нашрияи “Baza” дар Telegram-канали худ хабар медиҳад.

Рӯзи 19 март дар Твер ба хадамоти таксӣ аз марде фармоиш мешавад, ки хоҳиш кардааст то ӯро ба Маскав баранд. Ин мард бо худ пул надоштааст ва гуфтааст, ки бо марг рӯбарӯст. Ронандаи таксӣ Константин барои гирифтани ӯ ба автовокзали Западная Двина (вилояти Твер) рафтааст. Баъд аз савор шудан ба таксӣ мусофир аз ӯ телефон хост, то ба дӯстонаш занг занад ва барои пардохти роҳкиро 10 ҳазор рубл гирад.

Дар роҳ ширкати таксӣ бо ронанда тамос гирифт ва гуфт, ки барои баргардонидани мусофир ба ҷои пештарааш ба ӯ 100 ҳазор рубл пешниҳод намудаанд.

Баъд аз ин тамос Андрей ба ронандаи таксӣ нақл кард, ки корфармое, ки ӯро чор сол пеш ба ғуломӣ гирифта буд, меҷӯяд. Нафаре, ки Андрейро ба ғуломӣ гирифта буд, шиносномаашро гирифта, ӯро дар хонаи хусусӣ дар деҳаи Никулинкаи вилояти Твер ҷойгир кардааст.

Якҷоя бо Андрей аз шаш то ҳашт ғуломи дигар, шаҳрвандони Русия, Белоруссия, Тоҷикистон ва Украина дар асорат буданд. Ду нафари дигар барои хоҳари корфармо кор мекарданд.

Дар шоҳроҳи Волоколамск мошине хостааст пеши роҳи таксиро бигираду нагузорад ҳаракат кунад, вале ронандаи таксӣ тавонистааст аз мошини таъқибкунанда халос шавад.

Ронанда Андрей Жилтсовро ба Маскав бурд ва ба дӯстонаш супурд. Жилтсов барои эҳтиёт маҷбур аст, ки аз корфармои пешинаш пинҳон шавад. Ӯ дар бораи 4 сол пеш рабуда шуданаш ба полис ариза навиштааст.

То ҳол дар бораи таҳқиқоти пулис чизе гуфта намешавад ва ҳамчунин маълум нест, ки ин корфармо чаро дар баробари шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Русияро низ ба кор даъват намуда, ба асорат мегирифтааст.

Ба ин монанд чанд шаҳрванди тоҷик аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Русия ба минтақаҳои дурдасти ин кишвар даъват шуда, шиносномаҳояшонро мегирифтаанд ва бо ин тариқ солҳои тӯлонӣ ҳамчун асир ба он корфармо кор мекарданд, ки бо кумаки шаҳрвандони Тоҷикистон ёфт шуда ба ватан фиристода шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.