35.9 C
Dushanbe

Размоиши муштараки Тоҷикистону Русия дар марзи Афғонистон

Дар 20 километрии марзи Афғонистон размоиши муштарки Тоҷикистону Русия оғоз шуда, то 7-уми апрели соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Бино ба иттилои Округи низомии марказии Русия, ҳайатҳои низомии ду кишвар дар тамрингоҳи “Ҳарб-Майдон”-и вилояти Хатлон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир аст, тамринҳои муштаракро оғоз карданд ва он то 7-уми апрел идома хоҳанд кард.

Низомиёни Русияро асосан воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 – бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ -, ки теъдодашон ба 300 нафар мерасад, ташкил медиҳанд.

Дар гузориши Округи низомии марказии Русия гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории ин размоиши муштарак, омодагии ҷангии нерӯҳои низомии ду кишвар буда, иштирокдорон амалиёти ҳарбӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ ва аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як давлати муттаҳид ворид мешавандро тамрин мекунанд.

Гузаронидани размиоши Русияву Тоҷикистон дар марзи Афғонистон дар ҳолест, ки аксар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон равобити хубе бо Толибон барқарор кардаанд, аммо Душанбе то кунун аз барқарории равобиташ бо Кобул расман эълон накардааст ва мақомоти тоҷик нерӯҳои низомии худро дар марз бо ин кишвар тақвият медиҳанд.

Ба иттилои расонаҳо, Тоҷикистон агарчи расман аз равобити худ бо Толибон хабар намедиҳад, вале амалан корро бо ҳукумати ин кишвар оғоз кардааст. Хабари таҳвили Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ба дасти Толиблон таъйидкунандаи равобити пасипардагии ин ду кишвар аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.