12.9 C
Dushanbe

Рӯҳонӣ ба “сӯиистифода аз мақоми президентӣ” муттаҳам шуд

Ҳасан Рӯҳонӣ, собиқ президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ба “сӯиистифода аз мақоми раисиҷумҳурӣ” муттаҳам шуд.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои ББС, Алиакбар Ализода, узви порлумони Эрон ва узви ҳайати тафтишотии ширкати “Фулоди муборака”-и Исфаҳон, Ҳасани Рӯҳонӣ, собиқ раисҷумҳури Эронро ба “сӯистифода аз мақоми раисиҷумҳурӣ” ва эҷоди “монеа дар бархӯрд бо парвандаи хилофкорон”-и ширкати ширкати мазкур муттаҳам кард.

Ба қавли манбаъ, оқои Ализода гуфта, ки бо Иброҳим Раисӣ дар замони раёсаташ дар Қувваи қазоия парванда муттаҳамони ширкати “Фӯлоди муборака”-ро пайгирӣ мекарда, аммо ба гуфтаи ӯ, оқои Рӯҳонӣ “бо сӯиистифода аз ҷойгоҳи раёсати ҷумҳурӣ монеъ аз расидагӣ ба парвандаи ашхоси мутахаллиф дар ин парванда” шудааст.

Аз сӯи дигар хабаргузории расмии Эрон ИРНО ҳам бо нашри чанд матлабе кобинаи ҳукумати қаблии Эронро бо раҳбарии Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин парванда муттаҳам карда, гуфтааст, ки ба ҷои интихоби кадрҳои мутахассис ба ворид кардани “муҳраҳои худ бар асоси тааҳҳуди ҳизбӣ, дӯстӣ ва хонаводагӣ” дар санъати бузург ва стратегӣ дахолат кардааст.

Аз сӯи дигар ҳар чанд афроди муттаҳам дар ин параванда ин иттиҳомоти воридшударо рад мекунанд, аммо муҳаққиқон ва тафтишгарони он таъкид мекунанд, ки ҳанӯз дар замони раҳбари Ҳасан Рӯҳонӣ 25 маврид ҷиноятҳоеро сабт карда буданд.

Гуфта мешавад, дар парвандаи “Фӯлоди муборака”-и Эрон то муовини якуми раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар Ҳасан Рӯҳонӣ ҷалб шудааст ва гап дар бораи судҷӯйи 91 ҳазор миллиард тумони эронӣ (ҳудуди 3,5 миллиард доллари амрикоӣ) меравад, ки он дар ин шабу рӯз ба яке аз мавзуъҳои доғ ва доманадоре дар Эрон табдил ёфтааст.

Тибқи қонунгузории амалкунандаи Эрон ҳар ширкате ҳақ дорад бахше аз даромадҳои худро барои рушду равнақи шаҳр ва минтақаи худ ихтисос диҳад ва пулашро дар ихтиёри ширкатҳо ва сохторҳое қарор диҳад, то ба ин мақсад харҷ карда шаванд, аммо дар ин парванда гап сари он меравад, ки бахше аз даромадҳои ширкати “Фӯлоди муборака” ба ширкатҳо ва афроди наздик ба Ҳасани Рӯҳонӣ ихтисос дода шудаанд, иттиҳоме, ки онро рад мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд “Гурӯҳи 24”-ро экстремистӣ эълон кунанд

Додситонии вилояти Иваново талаб кардааст, ки фаъолияти Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" дар Русия манъ карда шавад.

Эрон ҳаҷми зарари ҷангро 270 миллиард доллар арзёбӣ кард

Эрон ҳаҷми пешакии зарар аз ҳамлаҳои низомии Амрико ва Исроилро тақрибан 270 миллиард доллар эълон кард.

Шикояти писари Зайд Саид: “Моро аз охирин сарпаноҳамон маҳрум кардан мехоҳанд”

Мақомоти кишвар талош доранд, хонаи Саид Саид, собиқ тоҷири муваффақ ва ҳоло зиндонии сиёсиро бигиранд ва фарзандонашро аз он берун кунанд.

Як соҳибкор ба хотири писараш боздоштгоҳи нав сохт

Як соҳибкори маҳаллӣ аз Истаравшан пас аз дидани вазъи фарзанди боздоштшудааш, як боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и наве сохта ба мақомот додааст.