28.9 C
Dushanbe

Рухшонаи Эмомалӣ бо Лорд Тариқ Аҳмад мулоқот намуд

27-уми январи соли ҷорӣ духтари Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Рухшонаи Эмомалӣ бо вазири Дафтари корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лорд Ториқ Аҳмад мулоқот намудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабирро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Инчунин ҷонибҳо атрофи масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ ибрози назар кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Рухшонаи Эмомалӣ бо фармони падараш Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин гардида буд.

Рухшонаи Эмомалӣ то таъйин шуданаш ба ин мансаб, ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ВКХ-и Тоҷикистон ва дар намояндагии Тоҷикистон дар Бритониё низ кор кардааст.

Рухшонаи Эмомалӣ ҳамсари Шамсулло Соҳибов, раиси ширкати “Фароз” мебошад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.