27.9 C
Dushanbe

Русия 13 нафари дар ҷустуҷӯбударо ба Тоҷикистон истирдод кард

Додситонии кулли Русия хабар дод, 13 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, ба мақомоти интизомии тоҷик супурдааст.

Бино ба иттилои Додситони кулли Русия, ҳамаи ин шахсон дар доираи “ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ” истирдод шудаанд.

Дар рӯйхат номи Ҷамшед Атоев, Муҳсинҷон Раҷабов, Зафар Қурбоналиев, Шоҳинҷон Нуров, Имомалӣ Розиқов, Мақсуд Холдорбеков ва Ҷамшед Каримов, Ҷом Гурезов,  Мисбоҳиддин Абдуллоев, Аҳмадбек Саидов, Руслан Саидов, Ҷамшед Муртазоев ва Муллоҳаким Султонов зикр шудаанд. Шахсони боздоштшуда бо иттиҳомҳои қаллобӣ, қочоқи маводи мухаддир, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, фирор ва ҷонибдорӣ аз созмони террористии ДОИШ гумонбар дониста мешаванд.

Ба гуфтаи Додситони кулли Русия, ин афрод пас аз содир намудани ҷиноят аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шуда, дар пайгарди қонунӣ қарор доштанд.

Дар доираи қарордодҳои дуҷониба макони будубоши ин афрод дар қаламрави Русия муайян шуда, Додситони кулли Тоҷикистон барои истирдоди онҳо дархостҳои дахлдор пешниҳод намудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки бо риояи чораҳои зарурии амниятӣ ҳамаи шаҳрвандони зикршуда ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супорида шуданд.

Аммо назари худи боздоштшудаҳо ва ё наздикони онҳо дастраси расонаҳо нашудааст ва маълум нест, ки онҳо айбҳои эълоншуда алайҳашонро эътироф кардаанд ё на.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.