17.9 C
Dushanbe

Вокуниш: Русия кишварҳои Осиёи Марказиро ҳушдор дод

Русия зимни сафари вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен ба шаркиони стратегии худ дар Осиёи Марказӣ ҳушдор дод, ки дар муносибат бо Ғарб ҳушёр бошанд.

Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, сафари котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба Қазоқистон ба равобити Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсире намерасонад.

“Мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои дуҷониба ва форматҳои ҳамкории худро дорем. Аз ҷумла, раванди ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё моро бо аксари ин кишварҳо муттаҳид мекунад. (Ва аз ин раванд маълум мегардад, ки) мо ба чӣ таваҷҷуҳ дорем ва чиро (ҷузъи) манофеи хориҷии худ меҳисобем”, — таъкид кард Песков.

Дар ҳамин ҳол муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хоста, ки дар эҷоди муносибатҳо бо кишварҳои ғарбӣ ва хусусан бо Амрико эҳтиёткор бошанд.

Ӯ мегӯяд, бесарусомониҳои зиёде, ки дар Афғонистон ба вуҷуд омад, ҳама ба сабаби ҳузури Амрико дар ин кишвар буд ва инро ба шарикони Осиёи Марказияш низ ёдовар шуд.

Муовини вазири корҳои хориҷаи Русия таъкид мекунад, ки таъмини амнияту субот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вазифаи онҳост на Амрико ва Ғарб.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 28-уми феврали соли 2023 Блинкен бо нахустин сафари расмии худ вориди Қазоқистон шуд ва бо раисҷумҳури ин кишвар Ҷосим-Ҷомарт Тоқиев мулоқот кард.

Қарор аст дар ин сафар Блинкен бо роҳбарони бахшҳои сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ва Узбекистон вохӯриҳо бигузаронад. Гуфта мешавад, Блинкен дар мулоқотҳояш аз вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳад, ки истиқлоли худро аз Русия ва Чин ҳифз кунанд ва Амрикоро шарики қобили эътимоди худ бидонанд.

Чизе, ки қаблан Русия ҳам дар борааш фикр мекард ва борҳо гуфта буд, ки Амрико талош дорад, кишварҳои Осиёи Марказӣ робитаҳои худро бо Русия қатъ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.