35.9 C
Dushanbe

Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури як қарор шанбеи ояндаро рӯзи Иди Қурбон эълон кард ва аз имомхатибони кишвар хост, ки дар бораи “сулҳу оромӣ” сухан гӯянд.

Акс аз Интернет

Имрӯз, 4-уми июли соли 2022, ҷаласаи навбатиии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои содир кардани қарор дар бораи таъйин намудани рӯзи Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар кори ин ҷаласа, ки зери раҳбарии раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода гузаронида шуд, қайд гардид, ки “мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи шанбе 9-уми июл рост меояд.”

Дар қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид карда шуд, ки:

1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбе 9-уми июли соли 2022 таҷлил карда шавад.

2. Вақти баргузоршавии намози Иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шӯро ва имомхатибон талаб карда, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба “неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.”

Иди саиди Қурбон яке аз ду идҳои мусалмонон аст, ки соле як маротиба дар рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ баргузор мешавад ва қурбонӣ кардани гову гӯсфанд дар ин рӯзҳои ид яке аз ибодатҳост.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Коҳиши 80%-и кишти кукнор дар Афғонистон

Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, ки барои кишоварзоне, ки...

ВКХ: Пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ нашуд

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло масъалаи пайвастани кишварро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ надорад.

Русия: Тоҷикистон набояд ба Ғарб наздик шавад

Сергей Лавров зимни боздидаш аз Душанбе дар суханрониҳояш ба мақомоти тоҷик тазаккур дод, ки Русия намехоҳад ҳамкориҳои Тоҷикистону Ғарб бештар шаванд.

Суқути қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

Баъд аз сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба шаҳри Душанбе ва музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва Русия қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ поён расфт.