7.9 C
Dushanbe

РӮЗНОМАНИГОР

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ

Имрӯз одат ё муд шуда, ки ҳама ба сари рӯзноманигор санг бизанад. Ҳама ёд бидиҳанд, ки як рӯзноманигор ва қаламбадаст чи бояд нависад, чи гуна нависад ва ё чи бояд бигӯяду чи гуна бояд бигӯяд. Ҳама рисолати як рӯзноманигорро ба ӯ омӯхтан мехоҳанд. Ҳама роҳнамоӣ кардан мехоҳанд. Чи ҷавон чи пир. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксарияти онҳо худ роҳро аз чоҳ фарқ намекунанд. Ҳатто қаламбадастоне ҳам, ки худро дар нақши роҳнамо мебинанд.

Аксаран ин роҳнамоӣ бо таҳдиду хушунат ва озурдани тарафи муқобил сурат мегирад. Нармиву одоб ва меъёрҳои ахлоқ ва инсониро фаромӯш мекунем. Фикр мекунем нофи замин моем ва ба ҳар касе метавонем роҳ нишон диҳем ва ба тундии тамом бар ӯ битозем ва инро муносибат ба ин ё он падидаву навиштаву гуфта ва мавзеъгирӣ ном гузорем.
Ҳатто онҳое ҳам, ки фикр мекунанд ба ҳама амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар вазифаашон аст, лаҳни тунд доранд. Шитобкорона ҳукм содир мекунанд. Суханҳову амалҳояшон бар пояи ифрот аст. Зӯргӯӣ ҳам мекунанд.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор рӯзноманигор аст. Ҳарчанд ҳоло аксарият ӯро ба унвони китобхонадор ва мудири китобхонаи шаҳрӣ ба номи Лоҳутӣ мешиносанд. Инсони беғаш ва ошкоргӯест. Гоҳо эҳсосӣ мешавад. Дар айни ҷӯши эҳсос ҳарфҳое мезанад, ки тунд аст ва эҳсоси хелеҳоро метавонад ҷариҳадор кунад. Аммо ин нукта мусаллам аст, ки Абдуқодир самимист ва дилаш пок аст, кинаеву ғаразе надорад. Аз миллатдӯстияш аст, ки гоҳо ночиз вонамуд кардани гузаштаи миллат ва тавҳин ба ториху муқаддасоти тоисломии он аз сӯи ину онро таҳқири худ медонад ва бо лаҳни тунд вокуниш мекунаду дар ҷӯши эҳсос огоҳона ва ё ноогоҳона бар муқаддасоти онҳо метозад…
Наздики се даҳсола аст, ки ман Абдуқодирро мешиносам. Дар ҳар мақому ҷойгоҳе кор карда ҳамеша талош дошта содиқона вазифаашро анҷом диҳад ва муваффақ ҳам будаву ҳаст. Ҳарчанд барои банда эътиқод ва дину мазҳаби касе барои таъини ҷойгоҳаш ҳеч нақше надорад, борҳо шунидаам, ки худро мусалмон медонад. Ба сифати мусалмон дар анҷоми фаризаҳои исломӣ, мисли 5 вақт намоз хондан, рӯза гирифтан, парҳез аз он чи ислом ҳаром эълон кардааст ва ғайра ҳассос буданашро шоҳид нестам. Ҳама шоҳидем, ки ҳазорон тан худро мусалмон мегӯянду ба анҷоми фароиз бепарвоянд, машрубот мехӯранд. Ин як воқеъияти имрӯз аст. Абдуқодир ҳам аз он истисно нест.
Ду рӯз пеш дар фазои маҷозӣ хабаре пахш шуд, ки ҷавонаке омадаву ба Абдуқодир таҳдид карда. Бидуни шак ин амали он ҷавон хеле кори зишт ва аз назари ман маҳкум аст.
Касе ҳақ надорад касеро ба хотири андеша, дидгоҳ, боварҳо, эътиқод, мансубияти қавмӣ ё ҷуғрофияш таҳқиру таҳдид ба куштан кунад ва ё мавриди озору шиканҷа қарор диҳад ё латукӯб кунад.
Хеле амали хуб шуда, ки мақомоти интизомӣ он ҷавонакро пайдо ва боздошт кардаанду додгоҳ ӯро ба 15 рӯз ҳабс маҳкум кардааст.
Муҷрим ба сазои аъмолаш расида.
Ҳоло бархе косаҳои доғтар аз ош дар дохилу хориҷ ҳей сару садо ва ҷеғу дод роҳ андохтаанд. Худро дилсӯзи ҷомеаву рӯзноманигорон ва Абдуқодир вонамуд мекунанд. Аммо…
Дар боло ишорае кардам, ки Абдуқодир рӯзноманигор аст. Ин аз як сӯ таъкид бар як воқеъият бошад, аз ҷониби дигар сабабе барои ёдоварии як хотираест.
Як солу анд моҳе пештар, замоне, ки рӯзноманигор Далер Шарифовро боздошт карданд, банда ба як созмони дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон нома навишта хоҳиш кардам, ки дар ин қазия бетараф набошанд. Ҷавоби нома воқеан бароям зарбаи ғайримунтазира буд. «Бо камоли эҳтиром ба ҷойгоҳи шумо ва сипос аз ҳамкориҳоятон созмони (номи созмон) эълом мекунад, ки дар қазияи Далер Шарифов наметавонад ёрӣ расонад. Мо ба рӯзноманигорон ёрӣ мерасонем, аммо Шарифов рӯзноманигор нест ва ӯро ба хотири фаъолияти рӯзноманигорӣ боздошт накардаанд. Бо эҳтиром».
Нороҳатона номаи дигар навиштам ва таъкид кардам, ки ман аз осиёб омадаму шумо мегӯед дӯл холист? Далер аз ҳамкорони мо буд. Ман медонам, ки ӯ кист ё шумо?
Пеш аз фиристодани нома саре ба сомонаҳои хабарӣ задам. Оваҳ! Додситонии кул изҳорот пахш карда, ки 200 мақолаи Далерро барои ташхис фиристодаанд. Ин беҳтарин далел ва санади маҳкамаписанд буд. Барои он созмон ҳамроҳи нома нусхаи ин изҳоротро ҳам фиристодам.
Як соат пас аз масъули созмон нома гирифтам. Бо узрхоҳӣ менавишт, ки дӯстони ҳампешаатон аз Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки Далер солҳост рӯзноманигорӣ намекунад ва ӯро ба хотири навиштаҳояш боздошт накарданд.
Хуллас, бархе аз онҳое, ки имрӯз худро пуштибони рӯзноманигор Абдуқодир Абдуқаҳҳор вонамуд мекунанд, дар қазияи рӯзноманигор Далер Шарифов бар зарари Далер мавзеъ гирифта буданд.
Нагӯед, ки хатару таҳдиди ин ду ҳолат аз ҳам фарқ мекунад. Ҳеч фарқе надорад. Дар ҳар ду ҳолат метавонад як рӯзноманигор аз байн бурда шавад. Умқи фоҷеа бо ҳам баробар аст.
Фақат дар мавриди Абдуқодир ниҳодҳои интизомӣ пуштибон ҳастанд ва мавзеъгирӣ бар зидди як ҷавонаки раҳгумзада ва ба ин баҳона тохтану санг андохтан ба сӯи мусалмонҳову ислом корест, ки мутаассифона ҳоло ҷавобгарие надорад.
Аммо мавзеъгирӣ дар қазияи Далер ҳадди ақалл боис мегашт, ки номи шахс дар феҳрести сиёҳи амният навишта гардад ва ба сафи афроди нописанди мақомот ҳамроҳ карда шавад.
Суҳбатам аз ин ё он фарди мушаххас нест. Манзурам ишора ба мавзеъгириҳои духӯра ва як бому дуҳавоиҳо ҳаст, ки оғози фоҷеаҳоест.
Дар мавриди боздошти муҷрим пас аз як соат дар қазияи таҳдид ба Абдуқодир, арз кардам, ки хеле кори хубу таҳсинбарангез шудааст.
Аммо як пурсиш таи ин ду рӯз зеҳни маро ба худ банд карда. Чиро омилони ҷиноят алайҳи чанд рӯзноманигори дигарро ҳеч пайдо карда наметавонанд?
Дар мавриди Абдуқодир фақат таҳдиди лафзӣ буда, ки албатта он ҳам маҳкум аст. Аммо дар он чанд маврид рӯзноманигоронро мавриди латукӯб қарор доданд.
Шояд мақомот фаромӯш карда бошанд. Аммо ба ҳеч ваҷҳ мо фаромӯш нахоҳем кард ва дар ҳар фурсати муносиб ба ёдашон хоҳем овард. Ин ҷо ҳамакнун аз чанд ҳолат ёд мекунам:
Раҷаби Мирзо 18 январ ва 29 июли соли 2004 дар Хуҷанд ва Душанбе ду бор мавриди латукӯб ва сӯиқасд ба ҷон қарор гирифт. Гӯё пайгириву тафтишот оғоз шуд, аммо солҳост ҳеч омил ё омилонро пайдо накарданд.
Маҳмадалӣ Ҳайит рӯзи 19-уми апрели 2013 дар назди манзилаш дар Душанбе мавриди ҳамла ва латукуби шадид қарор гирифт ва дар пайи он чанд рӯз дар бемористон бистарӣ шуд.
Далер Шарифов шоми 7-уми майи соли 2012 дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе мавриди ҳамла ва латукуб қарор гирифт ва дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон мунтақил шуд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” рӯзи 7-уми феврали 2011 дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифт. Бар асари ин ҳамлаи шадид, ӯ ҷароҳатҳои сангин бардошта чанд рӯз дар бемористон таҳти муолиҷа буд.
Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Азия плюс», ки порсол дар як муддати кутоҳ ду бор мавриди ҳуҷум ва латукуб қарор гирифт.
Метавонам боз мисолҳои дигар ҳам биорам, аммо навишта тӯлонӣ мешавад. Дар ҳамаи ин қазияҳо омилону ҳамлагарон пайдо нашудаанд.
Аммо дар ин ҳаводис як нукта ҷолиб ва қобили таваҷҷӯҳ аст. Аз миёни рӯзноманигороне, ки мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтанд, се нафар ба бозии бади сарнавишт рӯ ба рӯ шуданд. Яъне на танҳо ҳамлаварон ва омилони латукӯби ин се рӯзноманигор мушаххас нашуд, балки худи онҳоро (албатта бо баҳонаи дигар) муҷозот карданд. Муҳаммадалӣ Ҳайит ба зиндони якумрӣ ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ба 16 сол зиндон маҳкум шуданду ҳоло дар маҳбас қарор доранд.
Далер Шарифов як сол маҳрум аз озодӣ шуд ва пас аз пурра гузарондани ин муҳлат дар маҳбас ба оғӯши дӯстону хонаводааш баргашт.
Ин нуктаро таъкид кунам, ки ман фақат аз сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигорон ва зарбу шатм хӯрдани онҳо мисол задам ва фақат номи чанд нафарашонро зикр кардам. Ҳол он ки ин рӯйхат тулонитар аз ин аст.
Беш аз ин таҳдидҳои лафзӣ ва тарсондану озори равонӣ раво дидан нисбати рӯзноманигорон як воқъияти рӯз дар таи бист соли ахир мебошад, ки омилонаш ҳеч ҷазое намегиранд.
Ҳамчунин борҳо нисбати фаъолон ва раҳбарони аҳзоби мухолиф ва дигарандешон низ ин гуна таҳдидҳо ва ҳамлаҳо сурат гирифта ва латукӯб шудани онҳоро ҷомеа шоҳид буд. Аммо ҳеч як аз он ҳодисаҳоро мақомот ба таври бояду шояд таҳқиқ ва пайгирӣ накарданд. Ҳеч як омил ё омилони он ҳодисаҳо шиносоӣ ва муҷозот нашуд.
Ба назаратон иллати ин бархӯрди дугонаи мақомоти интизомӣ дар баробари таҳдид ва латукӯби рӯзноманигорон ва дигарандешон дар чист? Чиро якеро фаврӣ пайгирӣ карданд ва шахси ҳамлагарро ёфта боздошт намуданд? Аммо аз сӯи дигар шахс ва ё шахсоне дар саҳрои беодам не, балки дар шаҳри пур аз одам ва ба қавле дар рӯзи равшан рӯзноманигорро ончунон латукӯб мекунанд, ки ӯ чанд рӯз бистарӣ мешавад, чиро пайдо карда наметавонанд? Фикр намекунед ин ҷавонаки эҳсосӣ, камхонда ва бепушту паноҳ аслан тасодуфӣ омадаву ба рӯзноманигор таҳдид карда? Қасде аз пеш тарҳрезишудае дар кор набуда.
Вале дар мавридҳои дигар рӯзноманигорон тибқи барномаи аз пеш тарроҳигашта ин гуна латукуб карда шудаанд. Ва шояд ин амалиёт дар ҳуҷраҳои мақомоти қудратӣ барномарезӣ шуда? Шояд мақомоти интизомӣ худ дастур додаанд ва ҳатто шояд худ ин корро анҷом дода бошанд. Агар не ба чи далел солҳост, ки ҷинояткоронро пайдо карда наметавонанд?
Ба хотири изҳори андеша ва боварҳо шахсеро таҳдид ва латукӯб кардан, новобаста аз он, ки ин амали зишт ва ҷиноят аз сӯи кӣ ё киҳо сурат гирифта, маҳкум аст. Агар он аз ҷониби афроди мансабдор ва ниҳодҳои ҳукумат сурат гирад оғози фоҷеа, ҷинояти зиддибашарӣ, сангинтар аз қатли як инсон ва нобахшиданист.

Зафари Суфӣ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.