24.9 C
Dushanbe

Боздошти Усмонзода бо иттиҳоми ғасби ҳокимият

Дахлнопазирии вакили парлумони кишвар Саидҷаъфар Усмонзода бекор ва худи ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Тавре АМИТ “Ховар” хабар дод, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ рӯзи 14-уми июни соли ҷорӣ бо пешниҳоди Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ваколати раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро бекор карданд, аммо худи ӯ рӯзи 12-уми июн боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, додситонии кулли кишвар бар зидди Усмонзода бо моддаи 306 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ин банди Қонуни асосӣ барои муҷрим аз 15 соли зиндон то умурбодро пешбинӣ мекунад.

Юсуф Раҳмон зимни суханронияш дар назди вакилони парулмон гуфта, ки мувофиқи натоиҷи тафтишот, Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 бо телефони мобилӣ бо муовини роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, дар бораи ба “ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.”

Додситони кулли Тоҷикистон иддао карда, ки Шарофиддин Гадоев дар суҳбат бо Усмонзода ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин нақша раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумаки молӣ хоҳад кард. Ва “зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.”

Дар парлумони кишар ҳамчунин Усмонзодаро ба он муттаҳам карданд, ки барои пиёда кардани ин нақшаи худ дар дохил ва хориҷи кишвар тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

“Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд.”-гуфт Юсуф Раҳмон.

Дар хабар таъкид мешавад, ки Усмонзода “ба гуноҳи худ” комилан иқрор шудааст, аммо то ҳол назари ӯ ва наздиконаш дастраси расонаҳо нагардидааст.

Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар суҳбат ба Azda TV тамоми иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ки “ПМТ барномаҳои сиёсии худро дар Тоҷикистон барои тағйири ҳокимият, тағйири вазъият ва наҷот додани миллат табиист, ки тавассути нерӯҳои худ дар такя бо миллат ва бо нерӯҳо ва доираҳои ҷиддитару миллатар анҷом хоҳад дод. На аз тариқи аҳзоб ва нафароне мисли Усмонзода, ки худ ҳам парвардаи низоми қудратии ҳокимият буд ва ҳам вакил шуданаш тавассути ҳокимият буд, ӯ ҳатто тавони нигоҳ доштани худ дар ҳизбро надошт. Чӣ гуна ПМТ ба ин гуна афрод дар масъалаҳои хеле ҳам ҷиддӣ, мисли тағйири ҳокимият такя ва ҳамкорӣ хоҳад кард.

Раҳбари ПМТ бар ин бовар аст, ки дар ин кор сабабҳои дигар вуҷуд дорад ва инро “ҷанҷолҳои дохилии худи ҳокимият қабл аз интиқоли қудрат аз падар ба писар” номид.

Ҳамчунин Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони ПМТ низ ба Azda TV ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт, “Гӯё ки ман ваъдаи пулӣ барои ҷаноби Саидҷаъфар Усмонзода барои ғасби ҳокимият дода бошам, ин як туҳмат ва дурӯғ аст. Ман фикр мекунам, ки ҷаноби Саидҷаъфар Усмонзода аввал ин ки қудои Саидмумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон аст ва мушкилоти инҳо асосан бармегардад ба бад шудани муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Русия. Ва дувум ин ки ин мушкилӣ бармегардад ба мушкилоти дохилии низом.

Гадоев мегӯяд, сарчашмаи асосии ин иттиҳомот марбути ҷанҷолҳои дохилие аст, ки байни Саидмумин Ятимов ва Додситони кул, Юсуф Раҳмон ва Шоҳрух Саидзода ва дар умум дастаи Рустами Эмомалӣ ва дастаи Ятимов дар ҷараён аст.

“Мехоҳанд аз тариқи Саидҷаъфар Усмонзода Ятимовро барои ғасби ҳокимият гунаҳкор кунанд. Дер ё зуд мо мебинем, ки таҳаввулоте дар КДАМ сурат мегирад ва ин бар мегардад ба мушкилоти дохилии низом ва ҳоло инро туҳмат мекунанд ба як мухолифе, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад.”, – мегӯяд Гадоев.

Гадоев инчунин илова кард, ки яке аз сабабҳои боздошти Усмонзода метавонад ба як мулоқоте рабт дошта, ки чанде пеш байни ӯ ва як мақомдори баландпояи Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) сурат гирифта буд.

Ба ҳамин мазмун Додситони кулли Тоҷикистон дар парлумони кишвар иддао кард, ки Усмонзода барои анҷоми нақшаи худ “аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст.”

Боздошти Саидҷаъфар Усмонзода дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар дохили ҳизбаш ба қавле “Кудето” сурат гирифт ва як гурӯҳ беогоҳии қаблии Усмонзода Анҷумани ҳизбро гузарониданд ва Шаҳбози Аброрро, ки ба гуфтаи худи Усмонзода то ҷанд соли пеш узви ҳизби ҳоким буд, раиси нави ҲДТ интихоб карданд.

Дар торихи 31-уми майи соли ҷорӣ Вазорати адлияи Тоҷикистон Анҷумани ҲДТ-ро дуруст шуморид ва Шаҳбози Аброрро раиси нави ин ҳизб донист. Усмонзода бо ирсоли нома аз Вазорати адлияи кишвар хост, ин Анҷуман ва интихоби раиси навро “ғайриқонунӣ” эълон кунад, аммо Вазорат чунин накард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кумаки 141 миллионии ИА ба Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо эълон кардааст, ки зиёда аз 140 миллион евро ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Рушди беш аз 8%-и иқтисоди Тоҷикистон

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 16 моҳи ахир беш аз 8% тавсеа ёфтааст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Мақомоти боломақоми Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкориҳои дирӯз ва имрӯзи худ гуфтугӯ карданд.

Шикояти мардум аз беобӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон мегӯянд, ки чор моҳ боз мардум аз беобӣ азият мекашанд ва касе дар вилоят ба доди онҳо намерасад.