37.9 C
Dushanbe

Сӯиистифодаи Эмомалӣ Раҳмон аз мақоми президентӣ

Эмомалӣ Раҳмон бо сӯиистифода аз мансаби давлатӣ бинои чорошёнаи ҳизбашро, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пули соҳибкорон дар шаҳри Ваҳдат сохта шуда аст, рафта ба истифода дод.

Субҳи имрӯз,

Аз сӯи дигар, тибқи қонунгузорӣ ҳам Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ё дигар ноҳияҳо дар будҷети худ маблағҳои алоҳидае барои маблағгузорӣ кардани ҳизбҳои сиёсӣ, чи ҳизби ҳоким бошад ва ё ҳизбҳои “кисагӣ” ва ҳизбу ҳаракатҳои марбут ба мухолифин пул надоранд.

Инчунин Моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳизбҳои сиёсӣ” дарёфти кумакҳои модиро аз: “давлат, шаҳрвандон, корхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ, инчунин корхонаҳое, ки дар онҳо кишварҳои хориҷӣ саҳм дорад,” манъ карда аст.

Ҳамзамон ҳамин қонун таъкид мекунад, ки “Ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ дорад дар шакли амвол ва маблағ аз шахси воқеӣ, корхона ва ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бунёдҳо ва дигар шахси ҳуқуқии ғайридавлатӣ кумаки моддӣ қабул намояд, агар ин кумаки моддӣ бо ҳуҷҷат тасдиқ ва манбаи он нишон дода шуда бошад. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)”

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сӯиитифода аз мақоми раҳбарӣ ва аз номи Президент дар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои худаш биноҳои нав ва шароити беҳтар мезосанд.

Барои мисол, 11-уми августи соли ҷорӣ низ Эмомалӣ Раҳмон бинои ҳизбашро, ки “бо дастгирии Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом тариқи ҳашар бо сифати баланд бунёд гардида” буд, рафта ба истифода дод.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...