Пас аз тасарруфи минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон нахустин раисҷумҳурест, ки бо сафари расмӣ вориди Озарбойҷон шудааст.
Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 25-уми сентбяри соли ҷорӣ Президенти Туркия дар раъси як ҳайати воломақоми кишвараш ба минтақаи худмухтори Нахҷавони Озарбойҷон сафар кард.
Ба қавли манбаъ, дар ин сафар Президенти Туркияро вазирони хориҷӣ, дифоъ, амният, тиҷорат, алоқои мобилӣ, нақлиёт, мушовири калони раисҷумҳур ва ғайра ҳамроҳӣ мекунанд.
Аз сӯи дигар, мақомоти Арманистон хабар додаанд, ки нахустин гурӯҳи муҳоҷирони армание, ки минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро баъд аз тасарруфи он аз ҷониби Озарбойҷон тарк карда буданд, дар деҳаи Корнидзори вилояти Сюник, дар ҷануби ин кишвар ба сурати муваққат маскун кардаанд.
Ҳукумати Арманистон эълон карда, ки то зуҳри имрӯз ҳудуди 4 ҳазор 850 нафар гуреза аз минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ вориди Араманистон шудааст. Инчунин гузориш мешавад, ки дар ҳоли ҳозир даҳҳо хонаводаи арманитабор барои тарки минтақа омода шудаанд. Арманистон ҳам гуфт, касоне мехоҳанд ин минтақаро тарк намоянд, нерӯҳои муҳофизи сули Русия онҳоро то Арманистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард, то ба саломат бирасанд.
Пеш аз ин кишвари Туркия бо раҳбарии раисҷумҳури кунунии он дар набардҳои сиёсӣ ва низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ пайваста аз Боку ҳимоят мекард.
14-уми сентябри соли ҷорӣ қабл аз баргузории ҳамлаи низомӣ ба ин минтақа Президенти Озарбойҷон дар як сафари аз пеш эълон нашуда вориди Тоҷикистон шуда, бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки барои дидори навбатии худ ҷамъ шуда буданд, мулоқот карда буд.
Гуфта мешавад, минтақаи Қарабоғи Кӯҳи дар муддати беш аз 30 соли ахир дар тасарруфи кишвари Арманистон қарор дошт, ахиран дар 19-уми сентябри соли ҷорӣ Озарбойҷон бо баргузории як амалиёти низомӣ ин минтақаи кӯҳистониро ба тасарруфи худ даровард.
Раҳбарияти Арманистон гуфта буд, ки дар бораи арманиҳои муқими ин минтақа дар ҳоли ҳозир ҳеч гуна нигаронии ҷиддие вуҷуд надорад. Инчунин мақомоти Озарбойҷон низ таъкид карда буданд, ки айни замон дунболи таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти шаҳрвандон дар ин минтақа мебошанд.