29.9 C
Dushanbe

Сафари кории хабарнигрони AZDA TV ба Норвегия

Рузҳои 2-6-ми Июни соли ҷорӣ, хабарнигорони Azda TV дар 16-мин “Форуми Озодии Осоло 2024” (OsloFreedomForum2024) ширкат карданд. Дар ин Форум ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон, мухолифони сиёсӣ ва собиқ зиндониёни сиёсӣ ва инчунин пайвандони онҳо ширкат ва суханронӣ карда, аз саргузашти худ нақл карданд.

Ин нишасти муҳими ҳуққи башарӣ ҳамасола дар шаҳри Ослои пойтахти Норвегия бо ҳимояти Вазорати хориҷаи Норвегия, HRF, NHC, ва дигар созмонҳо баргузор мегардад ва дар он аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мухолфин аз кишварҳои мухталиф даъват мегардад. Имсол аз кишварҳои Венезуелла, Буливия, Некаргуе, Куба, Русия, Эрон, Белорус, Тоҷикистон, Ҳинд, Афғонистон, Фаластин, Ироқ ва дигар кишварҳои африқоӣ ширкат ва суханрони доштанд.

Нишасти имсола зери сояи ҷанги Ғазза қарор дошт, чун ҳамзамон бо барасмият шинохтани давлати Фаластин аз ҷониби Норевегия рост омад ва дар яке аз панелҳо вазири хориҷаи Норвегия ҷаноби Эспен Барт Эйде, сафир Мари Антуанетт Седин, сафири Фаластин дар Норвегия ва Исландия, Гершон Баскин, колоннанавис ва фаъоли сиёсии Исроил, Мустафо Барғути, роҳбари ибтикори миллии Фаластин дар мавриди ҷанги Ғазза ва ояндаи он суханронӣ ва изҳори назар карданд.

Ҳузури мухолифини Венезуела, Русия ва Эрон низ барҷаста буд дар ин нишаст.

Дар ҳояши ин нишаст, Муҳамадҷони Кабиров, сардабир, Фирӯзи Ҳаит хабарнигори Azda TV бо Сафири Норвегия дар Осиёи Маркази доктор Ҷон Микал Квистад, хонум Берит Линдеман Дабири кулли Кумитаи Ҳелсиникии Норвегия ва Иттиҳодияи рӯзноманигорони Норвегия (Ева Стабле, масъули умури байналмилалӣ ва Эспен Стенсруд мудири шуъбаи журналистикаи Иттиҳоди журналистони Норвегия) дидор ва гуфтгӯ доштанд.

Ҳайтаи Azda TV дар дидор бо Вазорати хориҷаи Норвегия ва дигар созмонҳои ин кишвар аз онҳо даъват кард, то барои озодии рӯзноманигорони зиндонии тоҷик талош кунанд ва инчуни аз расонаҳи тоҷики фаъол дар Аврупо ҳимоят кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиребу қаллобии як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев шикоят мекунанд.