21.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 16-уми май бо як сафари корӣ ба Маскав сафар кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомали Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, Раҳмон дар пойтахти Русия дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ба 30-умин солгарди имзои қарордоди амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД бахшида шудааст, ширкат хоҳад кард.

Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия ба расонаҳо хабар дод, ки дар нишасти сарони кишварҳои СПАД, ки 16-уми май баргузор мешавад, аз таҳаввулоти минтақа ва масъулияти кишварҳои узви СПАД гуфта хоҳад шуд. ва ҳамчунин вазъи кишварҳои узви СПАД ва дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ мешаванд.

Дар ин нишаст ба ғайр аз Раҳмон, Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ширкат хоҳанд кард.

Гуфтанист, ин аввалин нишасти раҳбарони кишварҳои СПАД пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина мебошад.

Соли ҷорӣ раёсати СПАД-ро Ҷумҳурии Арманистон бар уҳда дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.