24.9 C
Dushanbe

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин

Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20-уми августи соли ҷорӣ бо як сафари расмӣ ба Чин рафт.

Дар ин сафар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанберо вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода, шуморе аз масъулони Ҳукумат, вакилони парлумон, намояндагони вазорату идораҳои кишвар ҳамроҳӣ доранд.

Гуфта мешавад, сафари Рустами Эмомалӣ бо даъвати Жао Леи, раиси Кумитаи доимии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Чин сурат гирифта, то рӯзи 23-уми август идома хоҳад кард.

Шаҳрдори Душанбе зимни ин сафараш бо шаҳрдони Пекин Ин Юн мулоқот карда, инчунин бо ёдгориҳои Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин ошно шудааст ва дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузошт.

Ин аввалин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Чин мебошад ва сомонаҳои ҳукуматӣ ҳадафи ин сафарро тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯсти стратегӣ гуфтаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин сафар муаррифии Рустами Эмомалии 36-cола ба унвони меросбари асосии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Гуфта мешавад, Чин бузургтарин сармоягузор ва қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ба шумор меравад ва бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон танҳо аз “Эксимбонк”-и Чин беш аз як миллиард доллар қарздор аст.

Бо чӣ шарту шароите қарзҳои ҳангуфтро Чин ба Тоҷикистон медиҳад, расман эълон нашудааст. Аммо дар ивази ин қарзҳо ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон аз имтиёзҳои зиёде бархурдоранд ва истихроҷи маъданҳои нодиру гаронбаҳо дар дасти онҳост. 

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз ҳазору панҷсад километри мураббаъ замини Тоҷикистонро, ки бештар аз 1 дарсади масоҳати кишвар аст, ба Чин дода буд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.