7.9 C
Dushanbe

Сафир аз Кувайт омаду прзедидент нарафт

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт ба зодгоҳаш дар ноҳияи Айнӣ омад, то президент мактаби сохтаашро ифтитоҳ кунад, вале ба он ҷо Эмомалӣ Раҳмон нарафт.

Бино ба иттилои расмӣ, 15-уми ноябри соли 2023 дар доираи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд “дар деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 мавриди истифода қарор дода шуд.”

Дар рафти ифтитоҳи бинои ин мактаб раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо вазири маориф ва илм ва сафири Тоҷикистон дар давати Кувайт Зубайдулло Зубайдов ва дигарон ширкат карданд, вале худи Эмомалӣ Раҳмон ба он ҷо нарафт.

Ба қавли Суғднюс, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айниро барои 320 хонанда дар як баст зодаи ин деҳа Зубайдулло Зубайдов (Зубайдзода), сафири кабири Тоҷикистон дар кишварҳои Кувайт, Сурия ва Ироқ сохтааст.

Аммо Хадамоти матбуоти вилояти Суғд 15-уми ноябр ин масъаларо каме зиёдтар шарҳ дода гуфтааст, ки бинои ин мактабро “фарзанди ҳамин диёр Зубайдулло Зубайдзода бо аҳли пайвандонаш тасмим гирифт, ки дар деҳаи Каздон бинои таълимии замонавӣ сохта, ба истифода диҳад.”

Бинои ин мактаб бо маблағи 6 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. 23-уми сенябри соли ҷорӣ низ раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо дигар мақомоти расмӣ тавассути чархбол барои боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар деҳаҳои Каздон ва Дарғ ба ноҳияи Айнӣ рафта буд.

Он замон гуфта мешуд, майдончае, ки чархболи ҳомили раиси вилоят ба он нишаст, барои чархболи Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти расмӣ ва ҳайъатҳое, ки ҳамроҳӣ ӯ ба он ҷо сафар мекунанд ва маросиме, ки барои пазироӣ аз он сурат мегирад, тангӣ мекунад. Ба ҳамин хотир, дастур шуда буд, ки майдонча ва ё ба қавли мардуми деҳа “фурӯдгоҳи чархболҳо”-ро аз ҳисоби заминҳои корами мардум васеътар карда буданд.

Аммо бо вуҷуди он ки “фурӯдгоҳи чархболҳо“-ро аз ҳисоби заминҳои корами мардум васеътар карданд, ва сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт ҳам умедвор буд, ки мактаби сохтаашро худи Эмомалӣ Раҳмон рафта бо дасти худаш мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад, ва сипас ба нафақа меравад, аммо ин кор нашуд.

Сокинони ин деҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбатан хеле фаъол ҳам ҳастанд. Матолиби зиёде ҳам дар бораи муаррифии ин марзу буми кишвар нашр мекунанд, ки ҷои таҳсин аст. Замоне бархе аз онҳо бо ифтихор ҳам мегуфтанд, Зубайдулло Зубайдов “маблағҳои бо арақи ҷабин ҷамъовардаи худро барои сохтумони ин муассиса масраф мекунанд”.

5-уми октябри соли ҷорӣ вақте дар ин бора зери унвони “Ғасби заминҳои корам дар Каздон” матлаберо нашр карда буд, ки чандин паёме аз мардуми маҳал дарёфт карда будам. Чанд нафари онҳо хулосаи гапашон ин буд, ки “чиро намегузоред, ки як гӯшаи диёр обод шавад?

Аммо акнун суол ин ҷост, як дипломати тоҷик, ки аз соли 1993 то 2006 корманди Вазорати корҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва аз соли 2006 то ҳол ба ҳайси дипломат дар кишварҳои Русия, Покистон ва инак тайи даҳ соли ахир бо иқомати Кувайт сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Сурия низ мебошад, моҳона чӣ қадар ҳуқуқ мегирад, ки метавонанд мактабе бо қимати 6 миллону 400 ҳазор сомонӣ бисозанд?”

Аммо дирӯз, яке аз сокинони ин деҳа, ки пештар аз нашри он матлаб гила карда буд, аз тариқи паёмрасонҳои хусусӣ бори дигар гуфт, “кори хубе накардӣ?” Гуфтам, чиро? Посух дод, ки “мардум барои омадани президент Эмомалӣ Раҳмон хеле заҳмат кашида, тайёрӣ дида буданд, вале он кас наомад.”

Ҳангоми бо ҳам суҳбат карданамон аз сӯи ин бародар далилҳое бароям ошкор шуд, ки ба иҷозати худи ӯ, мухтасар онҳоро ин ҷо меоварам.

Ба суоли ман, ки чиро раисҷумҳур дар ифтитоҳи мактаб наомад ӯ навишт (айнан):

-: “Ун кас меомаданд ягон хел праблема набуд, аммо бахилию ҳасудии дарғиҳо кори худро кард…”

-: “Ба дарғиҳо чӣ дахл дорад омадану наомадани президент?”

-: “Дахл дорад буродар, дахли калон дорад! Агар инҳо ба кору бори мо шарик намешудан ҷаноб меомад! Ун кас Зубайдуфро нағз ҳурмат мекунан. Зубайдуф анча манча одам не хеле президентба дасташон расидагӣ, лекин инҳо ба ходҳои худашон зарар ба деҳаи мо расондан…”

-: “То ҷое медонам мардуми ҳарду деҳа бо ҳам хешу таборанд…”

-: “Бале хешу таборем, аммо онҳо аз калонгарии худ намемонан… Зубайдуф ҳам фарзанди ҳарду деҳа…”

-: “Пас чи мушкил доред?”

-: “Росташ мардуми оддӣ шахсан худи ман ягон грам мушкил ба дарғиҳо надорам. Мушкил дар калонҳомон. Ҳар бор бо ягон баҳона қишлоқҳоро ба зиди ҳам мекунанду кори худро кард…”

-: “Масалан чӣ корро?”

-: “Шумо буродар фикр мекунед ҷанҷоли деҳаҳо бемаслиҳату дахолати калонҳо мешавад? Ҳайҳот ин ҳамаш барои онҳо фоида ҳаст. Ба ин баҳона замину молу мулки ҷамъиятиро шахсӣ кардан. Ҳамун чойхунаи дарғ, ки нав Ҷалолудин Шарифов сохт, моли ҷамъиятӣ буд. Ба баҳонаи навсозӣ шахсӣ шуд. “

-: “Ҷалолудин Шарифов дарғист?”

-: “Дарғӣ сад фоиз! Бо Зубайдулло набераи як бобо мешан.”

“Хайр набераҳои як бобо ободгарӣ кардаанд, магар бад аст?”

-: “Фарқаш ҳаст дия. Зубайдуф мактаби шахсӣ насохт чойхонаи Ҷалол шахсӣ шуд. Шумо буродар навистед, ки Зубайдуф аз куҷо маблағро ёфту мактаб сохт. турӣ? ҳамин хел навистед?”

-: “Ҳа ман ҳамин хел суол додам.”

-: “Чиба намепурсед, ки Ҷалолудин Шарифов аз куҷо маблағи сохтмони чойхонаи сеэтажаро ёфт?”

-: “Намедонам, ӯро аз куҷо пурсам? Ман корманди давлатро, дипломат ва сафирро пурсидам, ки маошаш чӣ қадар аст, ки тавониста бо 6 милёну 400 ҳазор сомонӣ мактаб созад. Ҷалол мумкин соҳибкор аст…”

-: “Не дия! Ҷалол корманди барқи тоҷик аст. Корманди барқи тоҷик чи қадар маош дорад? як гапа гум шумоба. аз хонаи ҳамин ҷалол 11 кило тилло қатии 1 милён доллар гум шуд!”

-: “Оҳҳо! Дуздро ёфтанд?”

-: “Аз куҷо меёбанд? Зубайдуф дахолат намекард ҷаррасташа мебаровардан. Ба замини Худо ин бача раҳ намерад. Аз номи худи калон гап мезанад гӯё ба ҳоҷи амон додараруси ҷаноб қудо мешудас оянда ба. Худи ҳоҷӣ пуштибонаш будас, ки аз номи ҳамонҳо калонгари мекунад дари вазири мадро ба лагад зада медаромадас…”

-: “Хайр бо сафир набераи як бобо ки бошад…”

-: “Сад фоиз набераи як бобо ҳастан. Аслаш ҳамин авлод ду қишлоқро доим кишкиш мекунан. Зубайдуф одами дасткушод, лекин авлоду хешу таборошун… ҳайфи ҳамин хел одам буродар. Зани бегона бачаҳо худашонба нарафтан…”

-: “Бачаҳои Зубайдов мансабдор будагистанд?”

-: “Рустам дар банки Ҳасан кор мекард, неки ҳоли гуреза…”

-: “Чи хел гуреза?”

-: “Ина гапаш зиёд буродар мегун 200 милён пули банка хурдиян ҳоли Америкаба хай ин гапҳо лозим не моба. Проста ҳамин мардак ҳайф дар байни ин авлод. Ҷаноб меомад кори кардагии ин марда медид боз як обруи калон буд…”

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.