Сафири нави ИМА дар Тоҷикистон

Сафири нав Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷӣ тақдим кард.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 7-уми марти соли 2023, Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл П.Микаллерро қабул кард.

Ба қавли манбаъ, дар рафти суҳбат “ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ИМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.”

Гуфта мешавад, тибқи қоидаҳои умумии равобити байнлмилал, вобаста ба наздик ва самимӣ будани равобит байни кишварҳо муайян мекунад, ки нусхаи эътимодномаи сафиронро дар кишварҳои мизбон дар чӣ сатҳе қабул кунанд. Қабули эътимодномаи сафирон дар сатҳи муовинони вазири корҳои хориҷӣ, дар сатҳи миёна қарор доштани равобити байни кашварҳоро нишон медиҳад.

Барои мисол, бо вуҷуди он ки ҳеч куҷое расман Тоҷикистон алайҳи ҳамлаҳои Русия ба Украина садо баланд накарда, вале ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои ғарбӣ чанде қабл худи Эмомалӣ Раҳмон нусхаи эътимодномаи сафири Украинаро дар шаҳри Душанбе қабул карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.