Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба Гвардияи миллӣ 10 ҷип дод

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба Гвардияи миллӣ барои таҳкими марзҳо ва амнити кишвар 10 адад мошини тамғаи “JEEP” ҳадя кардааст.

Бино ба иттилои Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон маросими супоридани мошинҳо 8-уми ноябри соли ҷорӣ бо ҳузури сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва фармондеҳи Гвардияи миллӣ Бобоҷон Ҷамолзода баргузор гардидааст. Гуфта мешавад мошинҳо бо қисмҳои эҳтиётӣ, як устохона ва гузаронидани курсҳои омӯзишии хизматрасонӣ 858 818 доллар арзиш доштаанд.

Дар ин маросим Ҷон Марк Поммершайм аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти сарҳадӣ миннатдорӣ намуда, гуфтааст, ки “Мо дар мубориза бо терроризм, қочоқи ғайриконунии маводи мухаддир ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ шарик боқӣ мемонем. Вақте мо якҷоя кор мекунем, қавитар мешавем”.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои таҳкими марзҳо ба Вазорати дифои кишвар 20 адад мошинҳои “JEEP” дода буд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1992 то ин ҷониб ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак карда, 10 000 сарбоз ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро омӯзонидааст.

Дар 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ИМА барои барномаҳои рушду кумак ба соҳаи амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф 1,8 миллиард доллар кумак намудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳти назорат қарор доранд

Ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати шахсони таҳти...

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар ТоҷикистонИқтисоди...

Қимори Тоҷикистон рӯи истихроҷи литий бар пайи уфти қимати он

Мақомоти Тоҷикистон нақша доранд лоиҳаи истихроҷи литийро дар кони...

Мушкили коркарди нафт дар Русия ва таъсири он ба Тоҷикистон

Ҳаҷми коркарди нафт дар Русия то поёнтарин сатҳ дар...