Сафорати Тоҷикистон: Аз сафарҳои ғайризарурӣ ба Русия худдорӣ кунед!

Сафорати Тоҷикистон дар Русия 10-уми сентябри соли ҷорӣ бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандони кишвар хост, ки бидуни зарурат ба Русия сафар накунанд.

Дар ин иттилоия омадааст, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо назардошти идомаи режими назорати шадид дар гузаргоҳҳои марзии заминӣ ва ҳавоии ин кишвар, ба шаҳрвандони Тоҷикистон ин тавсияро додааст.

Мақомоти дипломатии Тоҷикистон мегӯянд, шаҳрвандони кишвар дар аввал хуб баррасӣ кунанд, ки сафарашон ба ин кишвар то куҷо зарур аст, пас аз он тасмими сафарро бигиранд ва дар акси ҳол аз чунин тасмим даст бикашанд.

Сафарота таъкид мекунад, ки ин пешниҳод бо мақсади ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия матраҳ шудааст.

Ҳамзамон 10-уми сентябр сафорати Тоҷикистон дар Минск ҳам хабар дод, ки ба сабаби ташдиди назорат дар гузаргоҳҳои марзии Белорус шаҳрвандон аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд. Вале намояндагонои сафаоратҳои Тоҷикистон дар Русия ва Белорус дар ин бора ҷузъиёти бештар намедиҳанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд моҳи ахир муҳоҷирони тоҷик ҳангоми вуруд ба хоки Русия аз сахтгириҳои марзбонони рус шикоят мекунанд. Дар наворҳое, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки марзбонони Русия ҳам дар марзҳои заминӣ ва ҳам дар фурӯдгоҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро сахт тафтиш мекунанд. Ва ҳоалтҳое ҳам пеш омада, ки онҳоро барои ворид шудан ба ин кишвар иҷозат намедиҳанд ва ба Ватан бозпас мефиристанд.

Ба гуфтаи коршиносон, мақомоти Русия тафтишоту ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро бахусус пас аз ҳодисаҳои хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” ва гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград, ки гумонбарони асосии ин ду ҳодиса зодагони Тоҷикистон гуфта мешаванд, шиддат бахшид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Клинтон ояте аз Қуръон хонду шоҳ Чарлз меҳмонашро бо ҳадис пешвоз гирифт

Билл Клинтон, собиқ раисҷумҳури Амрико бо ишора ба Қуръон таҳқири мусулмононро маҳкум кард ва шоҳ Чарлзи III дар қабули султони Умон ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба арабӣ хонд.

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.

ВКД фолбинҳо, фоҳишаҳо ва мизоҷони онҳоро низ ба қайд мегирад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Ду нафар дар Душанбе бо гумони истеҳсол ва паҳн кардани доруҳои қалбакӣ боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои қалбакӣ дар Душанбе хабар доданд.