37.9 C
Dushanbe

Ҳушдори сафорат ба шаҳрвандон: Ба ҷанг наравед!

Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав рӯзи 22-уми сентябр бо нашри муроҷиатномае тоҷикистониёни муқими ин кишварро ҳушдор дода, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ иштирок накунанд.

Дар муроҷиати сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид мешавад, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат кардани шаҳрвандони Тоҷикистон мувофиқи Кодекси ҷиноятии кишвар ҷиноят ҳисобида, шахси иштироккунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

“Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.”, омадааст дар муроҷати сафорат.

Ин муроҷиати сафорат Тоҷикистон дар Маскав ба шаҳрвандон дар ҳолест, ки дирӯз 21-уми сентябр расиҷумҳури Русия Владимир Путин бо судури фармоне қисман басиҷкунӣ ба артиш ва ҷалби 300 ҳазор сарбози эҳтиётиро эълон кард.

Пас аз эълони ин хабар, чандин муҳоҷир дар тамос ба мо гуфтанд, ки ба онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аллакай даъватнома омадааст. Ва ҳамчунин дар байни муҳоҷирони тоҷик овозаҳои зиёде паҳн шуда, ки ҳамаро ваҳшатнок кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...