30.9 C
Dushanbe

Самарқанд мизбони сарони давлатҳои узви СҲШ мешавад

Нишасти навбатии Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) на дар Тошканд, балки дар шаҳри Самарқанд багузор мегардад.

Акс аз манбаъҳои боз

20-уми июни соли 2022 рӯзномаи “Ҷумҳурият“-и Тоҷикитсон хабар дод, ки рӯзҳои 15-16-уми сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои раҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти раёсати Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, меҳвари гуфтугӯҳои ин нишаст “иттиҳод ва ҳамбастагӣ” буда, “шаҳри Самарқанд ба сифати рамзӣ барои баргузории ин нишасти бонуфуз интихоб шудааст, зеро он шаҳри тамаддунофар ва дорои таърихи қадима мебошад.”

Инчунин дар назар аст, дар ин нишаст Ҷумҳурии исломии Эрон, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе ба сифати узви нозир дар СҲШ пазируфта шуда буд, имсол дар шаҳри Самарқанд санади узви комилҳуқуқ будани ин созмони минтақавиро дарёфт хаҳад кард.

Гуфта мешавад, Созмони ҳамкориҳои Шанхай 15-уми июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Чин аз таъсиси худ дарак дод ва нишастҳои Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви ин созмон соле як маротиба ба навбат дар кишварҳои узв баргузор мегарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...