24.9 C
Dushanbe

Шаҳрванди Тоҷикистон як ронандаи таксиро дар Варшава парронд

Бино ба гузориши “Аздо тв” ба нақл аз телевизиони “TVP.info“-и Лаҳистон як марде савори таксие шуда ва аз пушти сандалӣ ба ронандаи таксӣ тир холӣ кардааст.

Ин мошини таксӣ дар кӯчаи Пулавскаи шаҳри Варшава дар ҳоли тавақуф будаст. Қурбонии ин ҳамла ба бемористон мунтақил шуда ва ҷустӯ барои пайдо кардани ҳамлагар идома дорад, омадааст дар раоснаҳои лаҳистонӣ.

Ивона Киёвска сухангӯи пулиси мантақаи 2-и Варшва ин ҳодисаро чунин шарҳ додааст:

“Ин ҳодиса шаби душанбе соати 23:30 дар кӯчаи Пулавскаи шаҳри Варшава рух дод, мусофир баъди савори “BOLT taxi” шуданаш туфангчаро ба сӯи сандалии ронанда нишон гирифта тир холӣ мекунад”.

Ӯ мегӯяд, ки ронандаи маҷруҳгашта шаҳрванди Тоҷикистон мебошад ва тибқи таҳқиқоти пулис фарди ҳамлагар низ шаҳрванди Тоҷикистон буда, пулис ҷузъиёти ҳувияти ин фардро медонад ва дар пайи ҷастуҷӯи ӯ аст.

Дар идома Киёвска афзуд, ки ронандаи маҷруҳи тоҷикро ба бемористон интиқол додаанд ва ҷонаш дар хатар намебошад, пизишкон низ вазъи саломатияшро муътадил гузориш додаанд, вале то ҳанӯз ба пулис иҷозати бозпурсии ронандаи маҷруҳро надодаанд.

Дар сурати пайдо шудани ҷузъиёти бештар ин хабар такмил мешавад.

Ин бори авал нест, ки номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар расонаҳои лаҳистонӣ ба хотири ҷурму ҷиноят расонаӣ мешавад. Моҳи марти соли 2021 низ як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон ба номи Бахтиёр Каримзода, ки таҳти таъсири маводи мухаддир сари фармон нишаста ронандагӣ мекард, бо як худрави дигар бархурд, ки дар натиҷа як шаҳрванди 58-солаи Лаҳистон дар ин тасодуф кушта шуд.

Пулис гутфа буд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар замони ронандагӣ таҳти таъсири маводи мухаддир будааст ва инчунин он замон аз мошинаш маводи мухаддир пайдо карда буданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон дар пайи тасодуф

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Зиёда аз 3 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина иштирок доранд

Тарҳи украинӣ (Хочу жить) дар гузориши нави худ хабар додааст, ки 3 ҳазору 407 зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд.

Бонки ҷаҳонӣ механизми нави сарфи маблағро ба Тоҷикистон ироа кард

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ як механизми нави молиявиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳадафаш вокуниши босуръат ба ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо мебошад.

Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони Русия коҳиш ёфтааст?

Вазорати корҳои дохилии Русия аз коҳиши ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирони корӣ хабар дод.

Наҷот ёфтани як нафар аз худкушӣ тавассути хонандаи мактаб

Дар шаҳри Душанбе як духтари ҷавон бо қасди худкушӣ худро ба дарё андохт, вале тавассути як хонандаи мактаб аз марг наҷот ёфт.