22.9 C
Dushanbe

Шерзамонов: “Рахмонов бо ин амалҳо мехоҳад арзон холҳои авомгароёна ба даст орад”

2-уми сентябри соли 2021 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қаҳрамони миллии Афғонистон Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва проффессор Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 дод.

Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон 9-уми сентябри 2001 ва проффессор Бурҳониддин Раббонӣ 20-уми моҳи сентябри соли 2011 кӯшта шудаанд. Марги аввалиро “Алқоида” ва дуввумиро “Толибон” ба ӯҳда гирифта буданд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ду Фармонҳои алоҳида ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ “Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ ва собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз кардааст.”

Проффессор Бурҳониддин Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ду тан аз собиқ раҳбарони Афғонистон, ки дар даврони нооромиҳои Тоҷикистон солҳои 1993-1996 ба кумаки муҳоҷирон ва барқарории сулҳу субот шитофта буданд, бо корнамоиҳои худ  дар байни мардуми Тоҷикистон низ ҷойгоҳи хосса доранд.

Гуфта мешавад нахустин мулоқоти сулҳ миёни раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раҳбари Иттиҳоди нируҳои мухолифини дар он замон Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул рӯзҳои 18 ва 19 моҳи майи соли 1995 замоне, ки Бурҳониддин Раббонӣ давлати исломии Афғонистонро раҳбарӣ мекард ва вазири дифоъи вақти Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд буд, сурат гирфит.

Аксари коршиносон миёнҷигарӣ ва пофишории ин ду раҳабри Афғонистонро дар сулҳи тоҷикон калидӣ медонанд ва масъали қадрдонӣ шудани ин ду нафар аз сӯи давлати Тоҷикистон аз ҷониби фаъолони маданӣ ҳамеша матраҳ буд. Аммо тӯли ин ҳама солҳо Ҳукумати Тоҷикистон онро нодида мегирифт.

Додани орден ба ин ду нафар замоне сӯрат мегирад, ки “Толибон” бар Афғонистон тасаллут пайдо карда ва фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, Аҳмад Масъуд дар ягона вилояти хориҷ аз контроли Толибон, Ҷабаҳаи муқовиматро сардорӣ мекунад. Президент Раҳмон дар ин бора мегӯяд, Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Мавқеъгириҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимоят аз тоҷикон ва дигар ақаллиятҳои қавмӣ дар Афғонистон ва ҳамзамон додани орден ба ин ду раҳбари машҳури тоҷики афғон ба гунае ғайричашмдошт будааст.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ва сарпарасти Вазорати фарҳанги Афғонистон ин мавзеъгирии президенти Тоҷикистонро вобаста ба Толибон навъе дахолат кардан дар умури ин кишвар талаққӣ карда аст. Ӯ дар ин робита ба расонаҳо гуфта буд, ки мо дар умури ҳамсояҳо дахолат намекунем ва дар баробар аз онҳо низ талаб мекунем, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунанд.

Раҳабари кунгураи милли Афғонистон Латиф Пидром аз ин иқдоми Раҳмон истиқбол карда дар саҳифаи Фейсбукияш навишта: “ Сипоси бепоён аз Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон раисҷумуҳури Тоҷикистон ва пешвои миллати тоҷик ба муносибати эҳдои медали Исмоили Сомонӣ ба шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллӣ ва фарзанди номдори халқи тоҷик.”.

Абдулқодири Рустам адиби шинохта ва фаъоли ҷомеъаи маданӣ ба Аздо ТВ дар робита гуфт: “Воқеан хабари хушҳолкунанда аст! Ин амр дар рӯзҳое  анҷом шуд, ки Ҷабҳаи муқовимат барои озодӣ ва истқрори адолат дар Афғонистон меҷангад ва иқдоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба навъе пуштибонии маънавӣ аз Ҷабҳаи муқовимат ҳаст ва рамзи ҳамбастагии Тоҷикони ин сӯйи Ому бо эшон мебошад…”

Аммо Луқмон Бойматов, торихнигори тоҷик дар суҳбат ба мо қадрдонӣ аз Аҳмад Масъуд, Латиф Пидром, ва амсоли онҳоро муҳимтар дониста гуфт: Ин кор мебоист дар замони зинда будани онҳо анҷом дода мешуд. Беҳтар он аст, руйи қаҳрамонони зинда бештар биандешид, то рафтагон.  

Ҳамзамон Алим Шерзамонов, муовини Паймони Милли Тоҷокистон вобаста ба ин мавзӯъ назари дигар дорад. Вай мегӯяд: “Ин ду нафари гуфтагиатон ҳанӯз соли 1997 баъди вохӯрии Хостдех, ки эшон мухолифонро маҷбур ба таслим шудан ба Рахмонов карда буданд, он замон ҳанӯз Рахмонов буд. Имрӯз Рахмонов бо ин амалҳо мехоҳад арзон холҳои авомгароёна ба даст орад. Дар мавриди он ки оё ин мавкеъгириаш боиси эҷоди хатар дар муносибат бо Толибон мешавад? Гумон накунам, чун Толибон ки аз нигоҳи банда имрӯз нерӯи наздик ба Чин ҳастанд, аз хати кашидаи Чин убур нахоҳанд кард ва сонӣ чунин режимҳое ба монанди толибу доиш ҳеҷ гоҳ бо режимҳои худкома мушкил надоштаанд ва нахоҳанд дошт.

Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, Раҳмон инро хуб дарк мекунад, аз ин рӯ аз диди худаш ягон риске надорад. Ин ҳисобҳо сидқ мекунанд, агар толиб як нерӯии воҳиду мутамарказ бимонад, вале эҳтимоли ба ду ё бештар ҷабҳа ҷудо шудани ин гурӯҳ хеле баланд аст ва дар он ҳолат ин гурӯҳҳо таҳдиди бузурге ба минтақа мешаванд, новобаста аз он ки имрӯз Раҳмон чӣ ҳаракатҳо анҷом медиҳад”.

Сайидюуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик мегӯяд, “Ин амал, қатъи назар аз ин рӯзгор ва қатъи назар аз ин ки Раҳмон чӣ аҳдоферо бо ин кораш дунбол мекунад, кори писандида ва хуб аст. Ин ду шаҳид яъне ҳам Устод Бурҳонуддин Раббонӣ ва ҳам Аҳмадшоҳи Масъуд, сазовори ин мукофот ҳастанд. Аммо эй кош зинда ва дар қайди ҳаёт буданд. Инсон вақте ки аз дунё рафт, сазовор шумурдани ӯ барои унвоне ва эътои мукофот барои ӯ, хеле осон аст ва паёмадеро ба дунбол надорад”.

Ба қавли ӯ: “Ин ду вақте зинда буданд, аз сӯи афроде чун Раҳмон, “душман” хонда мешуданд, ба хотири дифоъ аз ватанашон ва муборизаашон алайҳи зӯргӯён. Ман фикр мекунам, дар миёни худамон афроде чун шаҳид Раббонӣ ва шаҳид Масъуд ҳастанд, онҳо зинда ва дар қайди ҳаётанд. Касе мисли Муҳаммадалии Ҳаит ва ёронаш. Онҳо аз шаҳид Раббонӣ ва шаҳид Масъуд дар ин ки воқеан қаҳрамони миллати тоҷик ҳастанд ва солҳои тӯлонӣ алайҳи зулм ва зӯргӯён мубориза кардаанд, кам нестанд. Аҷиб он ки онҳо тавассути фарде ба зиндон афканда шудаанд, ки имрӯз шаҳид Раббонӣ ва шаҳид Масъудро қаҳрамон мехонад ва барояшон мукофот медиҳад. Ба ҳар сурат, банда аз ин кор хушҳолам“.  

Пештар Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния дар хусуси ҳаводиси ахири Афғонистон аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буд, ки аз раҳбарони мардумии ин кишвар истиқбол ва аз манофеи миллӣ бо ҷуръаттар ҳимоят кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.