21.9 C
Dushanbe

Шикояти масъулони ПМТ аз фишори мақомот болои хонаводаҳояшон

Бархе аз мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон аз афзоиши фишори мақомот болои хонаводаҳояшон шикоят доранд.

Исломҷон Саидов, масъули Дастгоҳи иҷроияи Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте дар саҳфаи фейсбукияш навишта, ки мақомоти ноҳияи Нуробод чандест болои хонаводаи ӯ фишор овардаанд, ки ба сабаби ин фишорҳо падараш бемор шудааст.

Ҳашт сол мешавад ин корҳоро карда истодаед, чӣ тағйир кард? Баракс, ҳар боре ба ин корҳо даст мезанед, ман худамро барои камкориам сарзаниш мекунам ва назди худ вазифа мегузорам, аз ин бештар кор кунам.“, навиштааст Саидов.

Ин масъули ПМТ дар тамос ба Azda tv гуфт, ки бо ҳеч касе аз наздиконаш дар Тоҷикистон дар тамос нест, вале хабарҳо аз дигар тариқ дертар ба ӯ расидаанд, ки чанд рӯзе пеш мақомоти ноҳияи Нуробод падари ӯро барои бозпурсӣ даъват намудаанд. Ӯ мегӯяд, “мақомот болои падарм хеле фишор овардаанд, чун баъди баргаштан ду рӯз бемор будааст ва то ҳол ба худ наомадааст.

Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки фишорҳои ахири мақомот болои хонаводааш баъд аз суханронии ӯ дар ютубканали Паймон бештар шуд. Ин масъули ПМТ мегӯяд, дар он барнома мавзуи “Ҷойгоҳи дин дар сиёсати Эмомалӣ Раҳмон”-ро баррасӣ карда, бахусус мулоқоти раисҷумҳур бо ходимони динро ба чолиш кашида буд.

Шикояти масъули Дастгоҳи иҷроияи ПМТ аз фишори мақомот болои хонаводааш дар ҳолест, ки аз ӯ пештар як масъули ПМТ дар Лаҳистон Шоҳраҷаб Шоҳимӣ низ аз чунин вазъият шикоят карда буд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бархе аз хешовандон ва ҷовонони деҳаи Рашнаи Поёни ҷамоати деҳоти Шингро бо иттиҳоми ин ки бо ӯ дар тамос ҳастанд, боздошту бозпурсӣ кардаанд. “…охирини онҳо яке аз хешовандонам Бегмурод Холов ҳаст, чанд рӯз мешавад дар боздоштгоҳ ҳаст, чӣ ҳол доштан ва дар кадом вазъият қарор доштанӣ ӯ номаълум ҳаст.“, мегӯяд Шоҳимӣ.

Ба ҷуз ин ҳарду боз чанд нафари дигар аз фишори мақомот болои наздиконашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят карда буданд. Вале мақомот ҳечгоҳ сабаби чунин рафторашонро бо хонаводаҳои мухолифон расман шарҳ намедиҳанд. Аммо аз тариқи пайвандони боздоштшудаи мухолифон ба онҳо паём мерасонанд, ки аз интиқоди ҳукумат ва шахси Эмомлаӣ даст бардоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.