16.9 C
Dushanbe

Ширкатҳои Бег Сабур то ҳол дар “рӯйхати сиёҳ”

Биноҳои баҳсбарангези Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба шароити имрӯза мутобиқ гардонида, ба истифода медиҳанд.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар, имрӯз, 8-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки тибқи дастуру супоришҳои Рустами Эмомалӣ дар назди шаҳрдори Душанбе комиссияи корӣ ташкил шудааст ва онҳо дар робита ба биноҳои ширкати “Комил-2010” корбарӣ карда истодаанд. Ба гуфтаи Мирзозода, Хадамоти назорати сохтмон ҳангоми санҷиш дар ин иншоот камбудиҳоро ошкор кардааст.

Мирзозода мегӯяд, ки “аз сабаби он ки аллакай барои сохтмон маблағ сарф шудааст, дар оянда биноҳоро мустаҳкам ва ба шароити имрӯза мутобиқ гардонида, ба истифода медиҳем”.

Ба гуфтаи Низом Мирзозода ширкати “Комил-2010”  то ҳол ҳаққи сохтмони бинои навро дар пойтахт надорад.

Баъд аз интиқод ва изҳори норозигӣ аз сифати кори ширкатҳои “Комил-2010” ва “Ниагара” аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва сокинон, ин ду ширкати Бег Сабур вориди “рӯйхати сиёҳ” шуда буданд ва ба онҳо дигар иҷозати сохтани биноҳои баландошёнаро надоданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми феврали соли 2021 Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси собиқи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Бег Сабур биноҳои нотамомашро ба анҷом расонад, иҷозатномаашро бозпас мегиранд ва ӯ аз рӯзноманигорон хоста буд, ки ба дигарон бирасонанд то бо ширкатҳои марбут ба Бег Сабур ҳамкорӣ накунанд.

Бо вуҷуди паст будани сифати биноҳои сохташуда аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии қудои Эмомалӣ Раҳмон, Бег Сабур ва шикояти зиёди сокинон, боз ҳам бархе мардум аз сабаби арзон будани хонаҳои ширкати ӯ хона харидорӣ мекунанд.

Дар гузашта, баъд аз шикоят аз кори ширкатҳои хонасозии марбут ба Бег Сабур, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби мақомот боздошт ва бо иттиҳоми қаллобӣ барои 12 сол равонаи зиндон гардида буд. Ба гуфтаи бархе огоҳони умур, Иноятзода маҳз ба хотири интиқоди шадид кардан аз қудои Эмомалӣ Рҳамон зиндонӣ шуд.

Аммо тибқи қавонини мавҷуда дар Тоҷикистон мансабдори давлатӣ наметавонад дар ҳоли доштани вазифа боз ба соҳибкорӣ машғул шавад. Вале сокинони Душанбе мегӯянд, Бег Сабур Хадамоти алоқаро ба маркази тиҷоратӣ табдил дода, ҳар кас меравад аз худи Бег Сабур дар онҷо дар барои хонаҳо суҳбат мекунад ва ё мустақим аз худи ӯ хона мехарад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.