Се инфиҷори бузург шаҳри Кобулро такон дод

Бар асари се инфиҷори бузург, ки имрӯз,19-уми апрел дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон рух дод, беш аз 25 нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ, ду таркиши пайҳам дар назди мактаби таҳсилоти умумӣ ба номи Абдураҳим Шаҳид дар қисмати ғарбии Кобул рух дод, ки шумораи бештари қурбониён аз ҳисоби донишомӯзони ин мактаб будаанд.

Мақомоти расмии Толибон мегӯянд, бар асари ин таркишҳо 6 нафар куштаву 11 тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо шоҳидони воқеа кушташудаҳоро бештар аз эълони расмӣ гуфтанд.

Тавре Закариё Улфат, омӯзгори мактаби Абдураҳим Шаҳид дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, якум инфиҷор замоне рух дод, ки хонандагон аз мактаб берун мешуданд ва бар асари он дастикам 20 то 25 хонанда кушта шудаанд. Гуфта мешавад, дар миёни кушташудагон кӯдакони хурдсол низ ҳастанд.  

Инфиҷори дуввум замони интиқоли захмиён ва фавтидагон рух дод, вале то ҳол омори дақиқе дар бораи теъдоди талафоти ҷонӣ бар асари инфиҷори дуввум вуҷуд надорад. Гуфта мешавад, шумораи қурбониён рӯ ба афзоиш аст.

Ҳамчунин як таркиши дигар дар Маркази таълимии “Мумтоз” ба вуқуъ пайвастааст.

Холид Задрон, сухангӯи фармондеҳи амниятии Толибон дар Кобул, се таркиш дар ғарби Кобулро таъйид карда гуфт, ки бар асари ин таркишҳо шаҳрвандони шиъаи Афғонистон, ки дар ғарби Кобул ҷойгиранд, талафот дидаанд.  

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ, ҳодисаи имрӯзаро шадидан маҳкум карда, онро “кори дасти душманони сулҳу пешрафт дар Афғонистон” хондаанд.

Ҳамчунин Эрон ин ҳамлаи террористӣ дар ғарби Кобулро маҳкум кардааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли гузашта низ дар ҳамин минтақаи Кобул таркише рух дода буд, ки бар асари он 85 нафар, аз ҷумла духтарони донишомӯз ҷон бохта буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.