Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигор ва модари зиндонӣ Рухшона Ҳакимоваро талаб кард.
14-уми майи соли ҷорӣ, СММ иттилоияеро нашр кард, ки дар он Гузоришгари вежаи СММ дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи инсон Мэри Лолор аз маҳкум шудани рӯзноманигор, ҳомии ҳуқуқи занон ва модари ду кӯдаки хурсол Рухшона Ҳакимова ба зиндон, изҳори нигаронӣ намудааст.
Хонум Лолор аз мақомоти Тоҷикистон озод намудани фаврии Ҳакимова ва таъмини бознигарии одилонаи парвандаи ӯро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ талаб кардааст.
Ёдовар мешавем, ки 5-уми феврали соли 2025 Додгоҳи олӣ дар мурофиае пушти дарҳои баста Рухшона Ҳакимоваи 31-соларо бо иттиҳоми сохтаи хиёнат ба давлат ба ҳашт соли зиндон маҳкум карда буд.
Дар иттилоияи СММ омадааст, ки на худи Рухшона ва на вакили дифоъ моҳҳо дар бораи мазмуни парванда огоҳ набуда, ба ҳуҷҷатҳои он дастрасӣ надоштанд ва вакили дифоъ наметавонист бо ӯ пас аз мурофиа мулоқот кунад, ё ҳатто нусхаи ҳукмро бигирад.
То ҳол маълум нест, мақомот чаро ин рӯзноманигорро бо ин иттиҳомоти сангин гунаҳкор кардаанд. Аммо як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дода, гуфтааст, ки “баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд”. Аммо гуфта мешавад, ки саволҳои ӯ умумӣ буда, ба маълумоти махфӣ дахл надоштанд.
Хонум Лолор мегӯяд, ки муҳокимаи Рухшона Ҳакимова эҳтимолан аз меъёрҳои адолати байналмилалӣ фарсахҳо дур буд ва ин нигаронии ҷиддиро ба миён меорад, ки ӯ на барои кирдори ҷиноӣ, балки барои фаъолияти қонунии рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ҳадаф қарор гирифтааст.
Инчунин гуфта мешавад, додгоҳ пас аз шикояти кассатсионӣ низ ҳукмро бетағйир боқӣ монда, аз иваз кардани ҳукми зиндон ба ҷазои алтернативӣ худдорӣ намудааст. Ин ҳукми сангин дар ҳолест, ки Ҳакимова модари ду кӯдаки хурдсол — як духтари дуюнимсола ва писари нӯҳмоҳа аст. Ғайр аз ин, қарор содир шудааст, ки тамоми амволи ӯ мусодира гардад, ки оилаи ӯро ба вазъи молиявии ногувор дучор кардааст.
Лолор ҷудо кардани ӯро аз кӯдаконаш аламовар ва манъи мулоқот бо ӯро тасаввурнопазир номидааст. Ба гуфат ӯ, чунин муносибат метавонад модарон ва занони дигарро аз фаъолияти рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқӣ боздорад.
Дар охири ин иттилоия гуфта шудааст, ки Гузоришгари вежаи СММ дар робита ба ин масъала бо ҳукумати Тоҷикистон дар иртибот қарор дорад.
Бояд гуфт, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии Рухшона Ҳакимова ва дигар маҳбусони сиёсиро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида гирифта, саркӯби дигарандешонро дар кишвар бештар дорад.